БА ИФТИХОРИ НАВРӮЗ. Дар шаҳри Турсунзода 30 иншооти гуногун ба истифода дода шуд

Март 25, 2023 10:26

ТУРСУНЗОДА, 25.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва  Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода 30 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд.  Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Дар арафаи ҷашни  Наврӯз дар деҳаи Сангқалъаи Ҷамоати деҳоти Навобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24, дар Ҷамоати деҳоти Сешанбе бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №104, дар маркази шаҳри Турсунзода Маркази кардиологии «Садои дил», дар  ҷамоатҳои деҳоти Регар ва ва Ҷура Раҳмон 2 бунгоҳи тиббӣ, дар деҳаи Боқӣ Раҳимзода  хонаи фарҳанг,  дар деҳаи Ғарави Ҷамоати деҳоти Регар хонаи саломатии «Ғарав», дар деҳаи Даҳбед толори варзишӣ,  дар  Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият як майдончаи варзишии замонавӣ  ва дигар иншоти хизматрасонӣ дар ҳудуди шаҳр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардид, ки барои мутахассиону шаҳрвандони бекор  даҳҳо ҷойи кори нав муҳайё намудаанд.

Бояд гуфт, ки  қаблан як қисми иншооти мазкур  дар шароити нохуб ва садамавӣ қарор дошта, бо дастгирӣ ва кӯшишу тавоноии сокинону соҳибкорон дубора барқарор гардид ва кормандон метавонанд дар шароити хуби корӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ба аҳолӣ хизмат расонанд.

Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, бунёду барқарорсозии 398 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз зиёда аз 100 иншооти гуногун ба истифода дода шуд.

Соли 2023 дар заминаи 29 муассисаи таълимӣ 270 синфхонаи иловагӣ барои 6440 нафар хонанда ва 6 кӯдакистон барои 594 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Март 25, 2023 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бунёд мегардад
Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд
Дар озмуни вилоятӣ Хуҷанд дар соли 2025 шаҳри беҳтарин дониста шуд
Балаҷон Ёқубов бо 15 ҳазор сомонӣ мушкилии даҳсолаи чорводорону сокинони минтақаи кӯҳиро дар ноҳияи Лахш бартараф намуд
Кӯлоб «Шаҳри беҳтарин» ва Данғара «Ноҳияи беҳтарин»-и соли 2025 дар вилояти Хатлон муайян гардиданд
Ёвон дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» дар вилояти Хатлон сазовори ҷойи дуюм гардид
Соли 2025 дар шаҳри Ҳисор қариб 70 км роҳ мумфарш карда шуд
Дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич бинои Маркази ҷавонон сохта мешавад