Бахшида ба Иди Наврӯз дар шаҳри Турсунзода бунгоҳи саломатӣ ба истифода дода шуд

Март 16, 2023 17:39

ДУШАНБЕ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри  Турсунзода бунгоҳи саломатии «Оққурғон» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Дар расми  ифтитоҳи иншооти нави тиббӣ роҳбарияти  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  шаҳри Турсунзода иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки сохтмони бинои саломатӣ аз ҷониби аҳолии деҳаи Обида Нуъмонова бо дастгирии соҳибкор Ҷӯрабек Муҳибов ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар муддати 6 моҳ ба анҷом расонида шуд.

Дар бинои нави бунгоҳи саломатии «Оққурғон» барои фаъолияти табибони маҳаллӣ шароит ва имконияти  мусоид фароҳам оварда шудааст.  Қаблан  ин бунгоҳи саломатӣ дар шароити нохуб, дар як хонаи бетаъмири шаҳрванди деҳа фаъолият мекард. Бо ба истифода додани бинои нав, ки аз се ҳуҷра иборат аст, барои расонидани кумаки аввалини тиббӣ ба аҳолии деҳот  имконияти мувофиқ  муҳайё гардид.

Ҳамчунин дар ҷамоати мазкур сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 300 кӯдак оғоз гардид.


Сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар пайи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода  шуда, аз ҷониби раиси хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» амалӣ карда мешавад.

 Дар рӯзҳои мусоиди фасли баҳор ҳамчунин дар Ҷамоти деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид, ки дар он  роҳбарияти  шаҳри Турсунзода иштирок намуданд.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри Турсунзода

Март 16, 2023 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
Саҳми Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз беназир аст
«ХИДИРАЙЁМ». Дар ноҳияи Шуғнон ойинҳои наврӯзӣ намоиш дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Наврӯз роҳи расидан ба саодат, адолат ва дӯстиро тавассути эҳтиром ба решаҳои таърихӣ ва табиат талқин менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид