Байни Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи рушди устувори Эберсвалдеи Олмон ҳамкорӣ таҳким меёбад
ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи рушди устувори Эберсвалдеи Олмон зимни мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва ноиби президенти Донишгоҳи рушди устувори Эберсвалдеи Олмон дар шаҳри Берлин баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.
Мусоҳибон самтҳои омодасозии муштараки кадрҳо аз рӯйи ихтисосҳои сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ, IT-хизматрасониҳо, бизнес-маъмуриятчигӣ ва амсоли инро дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) баррасӣ намуданд.
Инчунин вобаста ба ташкили чорабиниҳои илмии муштарак, тақвияти фаъолияти паркҳои технологӣ, таҳияи лоиҳаҳо, инчунин ба роҳ мондани таҳқиқоти илмии олимону муҳаққиқон байни ҷонибҳо гуфтушунид сурат гирифт.
Ҳамзамон байни ҷонибҳо муқаррароти асосии созишномаи ҳусни тафоҳум мувофиқа карда шуд, ки дар доираи он табодули академии донишҷӯëн, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон аз рӯйи самтҳои болозикр дар доираи санадҳои меъëрии ҳуқуқии соҳаи маорифи ҷонибҳо ба роҳ монда мешавад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






