Бар асари тӯфону гирдбод дар иёлати Миссисипии Америка 26 нафар ҳалок шуд

Март 27, 2023 08:39

ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти ШМА Ҷо Байден рӯзи якшанбе фармонро дар бораи эълони ҳолати фавқулода дар Миссисипи бинобар ба амал омадани тӯфону гирдбод имзо намуда, ҷиҳати расонидани кумаки федералӣ ба мақомоти маҳаллӣ дастур дод. Тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус хадамоти матбуоти Қасри сафед хабар додааст.

Фармони Байден расонидани кумак ба мақомоти Миссисипи аз ҷониби Вазорати амнияти дохилии ШМА ва Агентии федеролии идоракунии ҳолатҳои фавқулодаро дар назар дорад.

Дар натиҷаи шаби ҷумъа ба шанбе дар Миссисипи ба амал омадани беш аз даҳ гирдбод 26 нафар ҳалок ва даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуд. Мақомоти маҳаллӣ хисороти аз таъсири офатҳои табиӣ расидаро арзёбӣ мекунанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 27, 2023 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд