БАРОБАРШАВИИ ШАБУ РӮЗ. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 21 март фаро мерасад

Март 9, 2023 15:10

ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 21 март, соати 02:30-и вақти маҳаллӣ фаро мерасад. Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, 21 марти соли 2023, соати 02:30-и вақти маҳаллӣ Замин ҳангоми харакат дар атрофи Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова хабар дод. 

Ба гуфти Гулчеҳра Қоҳирова, дар минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ходиса 21 март, соати 02:30-и вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ меояд. Бояд иброз намуд, ки лаҳзаи гузаштани Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ ба як сония баробар аст.

Инчунин дар ин вақт боз як падидаи ҷолиб ба вуҷуд меояд, ки ин баробаршавии шабу рӯз мебошад. Фосилаи вақт байни ду гузашти пайдарҳамии Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳориро соли астрономӣ меноманд. Бинобар ин соли нави астрономии 2023  ҳамчунин 21 март аз соати 02:30 сар мешавад. Барои мо, тоҷикон ин вақт ҳамчун айёми фаро расидани Наврӯз машҳур аст.

«Наврӯз — ин ҷашни соли нав аз рӯи тақвими шамсии астрономӣ барои мардуми Шарқ мебошад. Ин ҷашн анъанаи миллӣ буда, ягон вобастагӣ ба дин надорад. Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин дар таърихи башарият мебошад, зеро онро аллакай то асри VII пеш аз мелод ҷашн мегирифтанд», — иброз дошт Гулчеҳра Қоҳирова.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 9, 2023 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
Дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр чорабинӣ доир гардид
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд