Байни вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия ва вилояти Суғд робитаҳои иқтисодӣ густариш меёбад

Март 1, 2023 16:51

ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал дар шаҳри Гулистон масъалаҳои ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва мусоидат дар густариши робитаҳои иқтисодӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.​

Дар мулоқоти дуҷониба​ аз сатҳи кунунии​ ҳамкории иқтисодӣ дар байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки бо сиёсати пешгирифтаи​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин​ шарикии стратегӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳо сол то сол таҳкиму густариш меёбад.

Иброз гардид, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия, аз ҷумла Нижегород, Свердлов, Челябинск, Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Липетск, Воронеж, Красноярск, Алтай, Доғистон ва ғайра​ ҳамкории зич дорад.​ Гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд бо минтақаҳои Русия сол аз сол афзуда, соли 2022 ба 616,6 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд.

Тазаккур дода шуд, ки​ вилояти Суғд дорои имконияти фаровон буда, ҷонибҳо метавонанд бо сармоягузории муштарак дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ тарҳҳои навро амалӣ созанд, ки​ ин ба рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши гардиши молу маҳсулот мусоидат менамояд.

Ҳамзамон зимни мулоқот доир ба вазъи кунунии соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда, маҳсулоти содиротӣ, фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», фазои мусоиди сармоягузорӣ маълумот дода, омодагии вилоят барои тавсеаи ҳамкорӣ баён дошта шуд.

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 1, 2023 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид