Дар Братислава нахустин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Словакия доир гардид

Март 1, 2023 20:00

ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Словакия дар нахустин Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия, ки дар шаҳри Братислава доир гардид, муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар анҷуман  намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ду давлат, инчунин доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Словакия, ки дар соҳаҳои  энергетика, истеҳсолот, хизматрасонӣ, истихроҷи нафту газ ва фармасевтӣ  фаъолият менамоянд, иштирок намуданд.

Муаррифии имконияти тиҷоратӣ ва сармоягузории ҳар ду давлат, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ дар байни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ аз ҳадафҳои асосии баргузории Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Словакия арзёбӣ гардид.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 1, 2023 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»