Дар Душанбе Анҷумани дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия баргузор шуд

Март 3, 2023 11:16

ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Анҷумани «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва «Кормандони ғайриштатии милитсия»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар анҷуман роҳбарияти Раёсати мазкур, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, роҳбарияти Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар шаҳри Душанбе, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт ва 1000 нафар дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия иштирок доштанд.

Дар ҳамоиш оид ба фаъолияти дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсияи шаҳри Душанбе ва саҳми онҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятиву ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ, зуҳурот ва хатарҳои замони муосир, махсусан ифротгароӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву эҳсоси ватандории ҷавонон, бо слайд-тасвирҳо маърӯзаи пурмуҳтавою омӯзишӣ маълумоти мафассал дода шуд.

Иброз гардид, ки фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун ва арзишҳои инсонӣ бе дастгирию ҳамкории зич бо аҳолӣ, бахусус ҷавонон тасаввур намудан имконнопазир аст. Робитаву ҳамкории судманд бо аҳолӣ, иштироки ихтиёрии шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ яке аз омилҳои асосии пешрафти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Ин робитаву ҳамкорӣ бояд дар асоси боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии мутақобила ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки тибқи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2020-2025 ҳамкории мақомоти милитсия бо ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки рушди милитсия ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, робитаву ҳамкории зич бо аҳолӣ ба роҳ монда шуда, ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷалб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла дружиначиёни ихтиёрӣ самаранок ташкил карда шудааст. Чунончӣ, бо мақсади тақвият бахшидани фаъолият дар ин самт давоми соли 2022 сардорони Ситоди дружинаҳои ихтиёрӣ дар якҷоягӣ бо масъулини Раёсат, ШВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва нозирони минтақавии милитсия 126 маротиба бо аҳли ҷамоат дар ҳудуди шаҳри Душанбе суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.

Воқеан саҳми шаҳрвандон, махсусан дружиначиёни ихтиёрӣ дар ошкорсозии ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ назаррас арзёбӣ мегардад. Чуноне гуфта шуд, давоми соли 2022 дар пойтахт зимни хизматбарӣ бо ёрии дружиначиёни ихтиёрӣ 127 ҷиноят, инчунин аз ҷониби нозирони минтақавӣ бо ёрии бевоситаи дружиначиёни ихтиёрӣ 9112 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ зимни баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ пайваста дружиначиёни ихтиёрӣ ба хизмат ҷалб гардида, дар ин кор саҳм мегузоранд.
Дар ҷараёни анҷумани аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба кормандони милитсияи пойтахт ва дружиначиёни ихтиёрӣ, ки бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияи шабонарӯзӣ доранд, изҳори сипос карда шуд.

Иброз карда шуд, ки мақсад аз татбиқи Барнома ва стратегияи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба роҳ мондани ҳамкории зичи милитсия бо шаҳрвандон мебошад. Баргузории чунин анҷуман ва мулоқоту суҳбати самимӣ бо дружиначиёни ихтиёрӣ метавонад дар амалисозии ин ҳадаф мусоидат намояд.

Дар охири анҷуман сардорони ситод ва 210 нафар дружиначиёни ихтиёрӣ ва 140 нафар кормандони ғайриштатии милитсияи шаҳри Душанбе, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштироки фаъолона доранд, аз ҷониби роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Март 3, 2023 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Сатҳи забондонии кормандони Вазорати корҳои дохилӣ санҷида мешавад
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 31 сол пур шуд
Ҳамкорӣ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни милитсияи Душанбе ва Тошканд тақвият меёбад
Дар Хоруғ машқи омодабошии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ баргузор шуд
Дар роҳҳои Душанбе санҷишҳо гузаронида мешаванд
Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ соли 2026 дар Тоҷикистон баргузор мегардад
Байни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Шабакаи зиддитеррористии Осиёи Марказӣ дар Подшоҳии Муттаҳида Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
«ДӮСТӢ-2025». Машқҳои зиддитеррористии Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардиданд
Дар Тоҷикистон бар асари 564 ҳодисаи сӯхтор 14 нафар ҳалок гардидааст
Сари вақт напардохтани маблағ ва дуздии барқ яке аз сабабҳои норасоии барқ дар зимистон аст
Давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориро барои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти прокуратураи Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор санҷиш гузаронида шудааст