Дар Душанбе лоиҳаи барнома оид ба беҳтарсозии фазои соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндагони Бонки Осиёии Рушд, ки 9 март дар Вазорати молия баргузор шуд, ҷонибҳо атрофи омодасозии лоиҳаи барномаи «Беҳтарсозии фазои соҳибкорӣ ва дастгирии идоракунии қарзи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Зербарномаи 3) фикру пешниҳодҳои худро баён намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд таъкид намуданд, ки барномаи пешниҳодгардида барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 50 млн доллари америкоӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳадафҳои асосии барномаи мазкур ташкили ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон ва занон, беҳтар намудани низоми баҳисобгирии корхонаҳои хурду миёна, инчунин рушди рақамикунонӣ ва тиҷорати электронӣ мебошад.
Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи иттилоъ намуданд.
АСК: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад






