Дар Хоруғ озмуни шаҳрии «Намоиши беҳтарин дастовардҳои маҳфилҳо» баргузор гардид
ХОРУҒ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмуни шаҳрии «Намоиши беҳтарин дастовардҳои маҳфилҳо» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз чил нафар аъзои маҳфилҳои гуногуни Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр иштирок намуданд. Мақсади озмун рушди тафаккури зеҳнию ақлонии кӯдакону наврасон мебошад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Дар озмун аз 40 нафар довталаб 20 нафар аз рӯи шартҳои ҳунарҳои мардумӣ, ихтироъкорию навоварӣ, сайёҳию кишваршиносӣ, табиӣ-экологӣ ғолиб дониста шуда, ба озмуни вилоятӣ роҳ ёфтанд.
Масъулини Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хоруғ изҳор доштанд, ки даври вилоятии он 15 март дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маркази вилоят баргузор карда мешавад.
Озмуни шаҳрии «Намоиши беҳтарин дастовардҳои маҳфилҳо» ба татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) бахшида шуд.
Сардори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хоруғ Зокир Сабзалӣ гуфт, ки «панҷ сол пеш Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тараққӣ додани рушди ҷаҳонгардӣ, муаррифии шоистаи имконияти сайёҳии мамлакат ва расму суннатҳои мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуда буданд. Ин озмун яке аз он тадбирҳои амалист, ки бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагӣ амалӣ мегардад. Бо амалӣ гардонидани ин иқдоми Пешвои миллат дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва барои амалӣ намудани он тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд».
Дар озмун 40 нафар наврасони ихтироъкор аз муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд. Мақсади асосии озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати машғулияти маҳфилҳо, тафаккури техникии насли наврас, тарғиби илмҳои дақиқ, ҳисси зебоипарастӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушди қобилияти зеҳнии хонандагон мебошад. Хонандагон лоиҳаҳои эҷодии худро дар шакли макет ва асбоби худсохт бо истифода аз маводи дастрас, аз ҷумла зарфҳои пластикӣ, матоъ, симу оҳан, коғазҳои ранга, чӯбу тахтапораҳо ба ҳакамон пешниҳод намуданд.
Довталабони озмун бо изҳори сипос аз Пешвои миллат баён доштанд, ки маҳз тавассути чунин маҳфилҳо онҳо лаёқату маҳорати худро боз ҳам бештар такмил медиҳанд ва ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 забони хориҷӣ омӯзонида мешавад
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳ ва дӯстӣ» ҳамоиш баргузор гардид
1 январ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили зимистона мебароянд
Дар ноҳияи Шоҳмансур 34 омӯзгор ва 697 хонандаи фаъол қадрдонӣ гардиданд
Таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифи таърихи халқи тоҷик» конференсия баргузор шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон омӯзиши забони ҳиндӣ баррасӣ гардид






