Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб иди Наврӯзро бо намоиши анъанаҳои мардумӣ ҷашн гирифтанд

Март 19, 2023 12:07

КӮЛОБ, 19.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Р. Раҳмонзода» ҷашни Наврӯзро ба таври шоистаю хотирмон таҷлил намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Дар ҷашни наврӯзӣ ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ ва ҳафтсину ҳафшин ба намоиш гузошта шуд.

Гуфта шуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифта, дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Аз ин ҷост, ки дар тамоми муссисаҳои таълимию тандурустии шаҳру деҳоти Кӯлоб ба хотири истиқболи ҷашни Наврӯз барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор шуда истодаанд.

Наврӯз рамзи покию некӣ, ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.

Барномаи фарҳангии пешниҳоднамудаи аҳли ҳунари шаҳри Кӯлоб табъи ҳозиринро хуш гардонид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 19, 2023 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд