Дар ноҳияи Ванҷ Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомат ва ифтихору сарфарозӣ таҷлил гардид

Март 22, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 22.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар маркази ноҳияи Ванҷ Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Ванҷ, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва сокинону фаъолони ноҳия баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тазаккур дода шуд, ки маҳз бо шарофати талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик иди миллии қадимии худро дар фазои сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирад.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат симои маркази ноҳияи Ванҷ ба куллӣ дигаргун шуда, якчанд иншооти муҳим ифтитоҳ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Мояи фараҳмандист, ки сокинони ноҳия, аз ҷумла соҳибкорон дар амалисозии тадбирҳо бахшида ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда саҳми муносиб гузошта истодаанд.

Дар доираи сафари гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани иди Наврӯз дар ноҳияи Ванҷ корҳо ба сомон расонида шуданд.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар дидбонгоҳи рақами 9-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Ҷамоати Даштаки ноҳияи Ванҷ дастархони идона ташкил намуд. Дар он роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ иштирок карда, сарбозони қисми ҳарбиро бо ҷашниНаврӯз табрик намуданд. Иброз гардид, ки ин иқдом бо мақсади ҳавасманд намудан ва қадрдонии сарбозону афсарони шуҷои Ватан роҳандозӣ гардида, муҳофизони марзу буми мамлакат ба ҳама гуна таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ сазовор мебошанд.

Роҳбарияти қисми ҳарбӣ барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ намудан ба сарбозони Ватан изҳори миннатдорӣ намуданд. Роҳбарон ҳамчунин бо шароити корию хизматии ин дидбонгоҳ аз наздик шинос шуданд.

Дар доираи сафари кории роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ноҳияи Ванҷ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба ташкили корхонаи саноатии обҳои ташнагишикан ба маблағи 60 млн доллари амрикоӣ санги асос гузошта шуд. Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи мазкур соли 2023 оғоз гардида, соли 2024 ба истифода дода мешавад. Ин тадбир ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми минтақа мусоидат менамояд.

Дар идомаи сафар дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо масъулини ноҳия вохӯрӣ намуда, бо раванди корҳои бунёдӣ шинос гардид.

Аҳли заҳмати ноҳияи Ванҷ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва эълон гаштани Солҳои рушди саноат (2022-2026) иброз доштанд, ки ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба бунёдкорию созандагӣ дар рушду нумӯи ноҳия саҳми сазовор мегузоранд.

Сафари аъзои гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ то 24 март идома карда, дар якҷоягӣ бо Раиси ноҳияи Ванҷ бо раванди сохтмони иншооти ҷашнӣ, вазъи ободонии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти тиҷоратӣ, зебогардонии роҳу кӯчаҳо, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тақвияти неруи содиротӣ, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, безараргардонии корхонаю муассисаҳо, сарфакорона истифода намудани қувваи барқ ва дигар корҳои бунёдию созандагӣ шинос мегарданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 22, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли чорум аст, ки сокинону меҳмонон ва сайёҳон аз тамошои Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе баҳра мебаранд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд
Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) омодагиро ба марҳилаи интихобӣ оғоз намуд
Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд
5 июн дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт
Дар соли раёсати Тоҷикистон Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба ҳайси нозир дар Маҷмаи Умумии СММ пазируфта шуд
Ҳамкории Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Федератсияи Русия тақвият меёбад
Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани аз НБО «Роғун» боздид намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал мулоқот намуданд
Эҳтиёт бошед! Дар Тоҷикистон гармшавии беш аз 40 дараҷаи ҳаво дар назар аст