Дар шаҳри Душанбе 4 омӯзгори як муассиса ғолиби озмуни байналмилалӣ шуданд

Март 9, 2023 09:57

ДУШАНБЕ, 09.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгорони шаҳри Душанбе дар Озмуни байналмилалии «Беҳтарин мақолаи илмӣ-2023», ки 5 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, ғолиб омада, бо сертификат ва медали сарисинагӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Озмуни мазкур дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон байни кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардида, дар он аз 8000 иштирокчӣ 200 нафари беҳтарин бо ҷоиза қадрдонӣ карда шуд.

Аз ҷумла, директори Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ҷамолиддин Сироҷзода, омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ Низомиддин Ҷумаев, омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус Арзу Манафова ва омӯзгори химия Гулноз Наботова ғолиби ин озмуни байналмилалӣ  дониста шуданд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Март 9, 2023 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид