Дар Суғд бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи миллии пойга доир мегардад

Март 21, 2023 10:27

ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 март бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар майдони аспдавонии Ҷамъияти саҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мусобиқаи миллии пойга гузаронида мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар доираи ташкили чорабиниҳои таҷлили ҷашни Наврӯз бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ, афзун намудани сафи дӯстдорони табиат ва рушди соҳаи асппарварӣ ҳамасола ташкил ва баргузор гардидани бозии миллии пойга ба ҳукми анъана даромадааст.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи пойга ҳамчун ойини  деринаи наврӯзӣ ба густариш ёфтани варзиш дар байни мардум, хосса ҷавонон мусоидат карда, аз ҷониби дигар, ба боз ҳам қавитар шудани муносибатҳои дўстиву ҳамгироӣ мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 21, 2023 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд