Дар Теҳрон Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд

Март 20, 2023 14:50

ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон ва як идда намояндагони илму адаби Эрон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.

Ба муносибати ин ҷашни муҳимми ниёгон ҳамчунин муаррифии китобҳои адибони тоҷик, аз ҷумла осори устод Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Қутбӣ Киром, Аскар Ҳаким, Низом Қосим, Фарзона, Баҳманёр ва дигарон, ки дар се соли ахир дар Эрон ба табъ расидаанд, рӯнамоӣ шуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ маҳфили наврӯзиро бо сухани табрикӣ ифтитоҳ намуда, аз таърихи куҳани Наврӯз иттилоъ дод ва аҳаммияти онро дар гуфтугӯи тамаддунҳо ва робитаҳои фарҳангии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ва берун аз он таъкид кард. Сафир инчунин афзуд, ки Наврӯз дар замони Истиқлоли мамлакат маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун ҷашни миллии тоҷикон ва ҷузъи худдшиносии миллӣ мақоми вижа пайдо кард.

Дар ҷашн меҳмонони Сафорат, аз ҷумла сафири собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, шоир ва адабиётшиноси шинохтаи эронӣ Алиризои Қазва, сардабири маҷаллаи “Бухоро” ва муҳаққиқи номдор Алии Деҳбошӣ, ноширони осори адибони тоҷик дар Эрон Мустафо Бобохонӣ, Зебо Алихонӣ, Шаҳроми Султонӣ сухан гуфта, муштаракоти фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон, ки бузургдошти Наврӯзи ниёгон аз он ҷумла аст, иртиботи  адабии ду давлати дӯст ва бародарро аз ҷанбаҳои муҳимму созандаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон арзёбӣ намуданд.

Дар бахши ниҳоии ҷашн Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Баротов бо сурудҳои наврӯзӣ хотири ҳозиринро шод намуд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Эрон

Март 20, 2023 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо мулоқот намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест шинос гардид
Дар Қоҳира масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таблиғи фарҳанги сулҳ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири нави Кувайтро қабул намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи иртибототи глобалӣ баррасӣ гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд