Дар Восеъ оид ба усулҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷаласа доир шуд

Март 31, 2023 16:40

ВОСЕЪ, 31.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ дар мавзуи «Роҳу усулҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо иштироки Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон, котибон ва аъзои шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷаласаи навбатии сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ хабар доданд.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода доир ба мавзуи ҷаласа гуфт, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир ба ин масъала иброз намуданд, ки «имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Дар робита ба ин ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад».

Дар ҷаласа котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Фархор ва Ҳамадонӣ вобаста ба мавзуи ҷаласа сухан намуданд. Иброз гардид, ки мақсад аз гузаронидани чунин ҷаласаҳо дар шаҳру ноҳияҳо аз наздик шинос шудан бо мушкилоти мардум ва тавсия додан ба мақомоти иҷроия дар ҳалли онҳо мебошад.

Зимни ҷаласа ба саволҳои худ рӯзноманигорон, имомхатибон ва кормандони маориф доир ба сабабҳои гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои тундрав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ аз тарафи хонандагони мактабҳои миёнаю олӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба дастрасии иттилоот тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ  посухҳои мушаххас гирифтанд.

Пешниҳод гардид, ки дастовардҳои давраи истиқлоли Тоҷикистон аз тарафи тамоми қишрҳои ҷомеаи имрӯза дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва дигар забонҳои муоширати байни халқҳои дар Тоҷикистон иқоматдошта ва берун аз он муаррифӣ карда шавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ

Март 31, 2023 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эҳтиёт бошед! Дар Тоҷикистон гармшавии беш аз 40 дараҷаи ҳаво дар назар аст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии гурезаҳо ҳамоиш доир гардид
МАВСИМИ ОББОЗӢ. Дар ин мавзуъ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд
«ҲУНАР ОМӮЗ…». Ғолибону ҷоизадорони даври ҷумҳуриявии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Шуъбаҳои таваллудхона ва ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик навсозӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Тавассути он 60 зану ҷавондухтар аз оилаҳои ниёзманд соҳиби касб мешаванд
Дар шаҳри Гулистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бошукуҳ гузаронида шуд
«ҶОВИДОН БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН!». Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар Муъминобод бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиш баргузор шуд
«КӮДАКОН ВА НАВРАСОН-САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар 13 кӯдакистони шаҳри Турсунзода барномаҳои идона доир шуд
КӮДАКОН-ОЯНДАИ МИЛЛАТ. Ва ё барои ҳар давлат насли солим зарур аст
Дар Швейтсария масоили интиқоли дониш ва технология барои беҳтар гардонидани пешгӯии обу ҳаво баррасӣ шуд