ДАРАХТ БИНШОН! Иқлими вилояти Суғд асосан ба парвариши дарахтони мевадиҳанда мусоид аст
ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Боғу токпарварӣ дар вилояти Суғд аз қадимулайём дар байни дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ҷои намоёнро ишғол менамояд, зеро ба иқлими ин минтақа бештар дарахтони мевадиҳанда, аз қабили донакдор, тухмакдор, ситрусӣ ва субтропикӣ хос мебошанд. Далели ин зиёд гардидани талаботи давлатҳои хориҷӣ ба хушкмеваҳо ва меваҳои тару тозаи вилоят мебошад, чунки меваҳои ин минтақа бо таъму маззаи худ фарқ мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмурзода хабар медиҳад.
Мавсуф афзуд, ки ба афзуншавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ба содирот нигаронида тайи ҳашт соли охир баргузории анҷуманҳои минтақавии шартномабандӣ ва ярмаркаҳои байналмилалии савдо мусоидат намуд.
«Тибқи маълумоти оморӣ, ба якуми январи соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят истеҳсоли мева ба 124 477 тонна, аз ҷумла дар корхонаҳои кишоварзӣ ба 89 102 тонна расид, ки нисбат ба соли 2021 мутаносибан 31 153 тонна ва 26 596 тонна зиёд мебошад. Дар соли сипаригардида зиёдшавии мевагиҳо асосан аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои Исфара- 13 ҳазору 946 тонна, Конибодом- 4 ҳазору 104 тонна, Б. Ғафуров- 3 ҳазору 130 тонна, Ашт- 2 ҳазору 385 тонна, Деваштич- 2 ҳазору 111 тонна, Айнӣ- 1 ҳазору 339 тонна ва Кӯҳистони Мастчоҳ- 1 ҳазору 244 тонна расонида шуд. Инчунин истеҳсоли ангур 59 ҳазору 537 тонна буда, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 4 ҳазору 802 тонна зиёд мебошад. Зиёдшавии ангур нисбат ба соли 2021 дар ҳамаи шахру ноҳияҳо дида мешавад»,-иброз дошт муовини Сардори Сарраёсат.
Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии вилоят ба ҳисоб рафта, дар ҳалли масъалаҳои бехатарии озуқаворӣ, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ ва ба кор таъмин намудани мардуми деҳот мавқеи намоёнро ишғол менамояд.
Иброз гардид, ки имрӯзҳо обу ҳаво барои шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ва токзор мусоид буда, ҳоло корҳои бунёди боғҳои нав ва барқароркунии боғот оғоз гардидаанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба ҷойгиршавии ҷуғрофии маҳал чунин навъҳои ниҳолҳо шинонида мешаванд:
Донакдорон — зардолуи навъҳои «Аҳрорӣ», хурмои «Бобои калонмева», «Хуҷандӣ» ( шаҳру ноҳияҳои Конибодам, Хуҷанд ва Спитамен), «Қандакӣ», «Мирсанҷилӣ», «Нишонӣ», (шаҳри Конибодом), «Мирсанҷилӣ», «Рухи ҷавонон», «Субҳонӣ», «Серҳосил», (шаҳру ноҳияҳои Исфара, Ашт ва Айнӣ).
Аз шафтолу навъҳои «Гулдор», «Анҷири Сурх», «Нозук», (Камберленд), (ба ғайр аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ), «Лола», «Қирмизӣ», «Серҳосил» «Равғани гов» (дар водиҳо), «Сумбулӣ», «Фарҳод», «Анбарин» (Элберт).
Аз олу навъҳои «Гурда олу», (Анна Шпет), «Сеҳрранг», (Венгерка Ажанская), «Қатраборон», (Венгерка италянская), «Нилуфар» (Венгерка Фиолетовая) (дар водиҳо). Аз олуча ва дурагаҳои олуву олуча навъҳои «Султонӣ» (Куксултон), «Чигарӣ» (Малиновая), «Дилоро», (Южная красавица). Аз гелос навъҳои «Шаҳло» (Дайбера черная) (ба ғайр аз ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Панҷакент ва Айнӣ) «Зардтоб», «Сиёҳпуст»- дар водиҳо.
Аз олуболу навъҳои «Пакана», (Любская 15), «Мумтоз» (Подбелская), «Фарид» (Шпанка черная).
Тухмакдорон: «Баржаста» (Апорт Александр), «Рангинкамон», (Боровинка ташкентская), «Нордон», (Графенштейкое красное) «Зарринтоб» (Голден Делишес), «Ангубин», (Голден Грайма), «Нахустмеваи Самарқанд», (Первенес Самарқанд) (ноҳияҳои Конибодом, Зафаробод, Мастчоҳ Спитамен Хуҷанд Б.Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт ва Исфара), «Рахшон», «Беназир» (Рент Симиренко), «Шабнами Кӯҳсор» (Розмарин белый) — (ноҳияҳои Деваштич, Панҷакент ва Айнӣ).
Аз нок навъҳои — «Зарандуд» (Бере Бокс), «Парасту» (Ласточка) (ба ғайр аз ноҳияҳои Деваштич, Панҷакент, Истаравшан, Айнӣ) «Дилрабо», «Дилафрӯз», «Сабзина» (Кюре), «Моҳлиқо», «Нозанин», (Лесная красавитса), «Пешпазак». Аз биҳӣ навъҳои «Изобилная» (Фаровон), «Калонмева», (Самаркандская крупноплодная), «Туруш» (Туруш Бухарская).
Субтропикӣ: Анори навъҳои-«Мулоимдона», (Десертный), «Шириндона» «Сурханор». Анҷири навъҳои «Вахшский», «Сабзак» (Кадота), (Грин-Иская). Хурмои навъҳои «Вахш», «Шакарин», «Бохтар» (Хиакумӣ).
Ситрусӣ: Лимӯи навъҳои — «Вахш» (Мейер), «Тоҷикистон» (Греческий), «Дӯстӣ» (Диосурский).
Ангури навъҳои «Чилагӣ», «Сафо», «Ҳисории барвақтӣ», «Нимранг», «Зариф», «Ҳусайнии сиёҳ», «Ҳусайнии сафед», «Султонӣ», «Анзоб», «Ғалаба» (Победа), «Тойфии гулобӣ», «Нимранг», навъҳои кишмишӣ «Кишмиши сиёҳ», «Кишмиши сафед».
Бояд гуфт, ки шуруъ аз рӯзҳои аввали фасли баҳор бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ маъракаҳои ниҳолшинонӣ ташкил карда мешаванд. Дар ин раванд дар тамоми шаҳу ноҳияҳои вилояти Суғд ниҳолҳои ҳамешасабз, кӯчати садбарг ва садҳо адад дарахтони ороишиву мевадиҳанда шинонида мешаванд. Кишоварзони вилоят ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолӣ, бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироат, инчунин ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои замин ва об корҳои муайян ба анҷом расонида, дар самти амалисозии рушди устувори соҳа тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
АКС аз манбаъҳои боз