«ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗӢ ДАР ЗАМИНАИ ҶОМЕА». Дар Душанбе марҳилаи дуюми лоиҳа муаррифӣ шуд

Март 14, 2023 19:23

ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 март дар Душанбе Лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» (марҳилаи дуюм) муаррифӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 

Лоиҳа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату сохторҳои марбута ва шарикони рушд мавриди татбиқ қарор дода мешавад.

Мақсади асосии Лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» (марҳилаи дуюм) аз баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва мусоидат барои гузариш ба самти устувори рушд бо назардошти сатҳи пасти партовҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои нави истеҳсолоти кишоварзӣ, ки ба тағйирёбии иқлим мувофиқ мебошад, иборат аст.

Лоиҳа аз ҷониби «Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» давоми 7 сол амалӣ карда мешавад.

Таҷрибаҳои татбиқи марҳилаи якуми лоиҳа дар минтақаҳои пилотӣ нишон дод, ки дар айни замон соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии ҷомеа ба усул ва равандҳои замонавии пешбурди истеҳсолот ниёзманд аст.

Ҳукумати мамлакат солҳои охир пайомадҳои тағйирёбии иқлимро ба инобат гирифта, барои бартараф намудани онҳо чорабиниҳои заруриро ба роҳ мондааст.

Лоиҳаи татбиқшаванда яке аз он дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад, ки ба устувории экосистема ва дастгирии минтақаҳое, ки нисбат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим устувор нестанд, кумак мерасонад.

Мақсадҳои лоиҳа дар заминаи тақвияти иқтидори бахши давлатӣ барои таҷдиди идоракунии захираҳои табиӣ, ки ба тағйирёбии иқлим устуворанд, беҳтар намудани банақшагирии ҷомеаҳо ва дастрасӣ ба захираҳои сармоягузорӣ барои идоракунии экосистема ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ғайра амалӣ карда мешаванд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур дар  21 ноҳияи мамлакат, аз ҷумла 16 ноҳияи вилояти Хатлон, 3 ноҳияи тобеи марказ ва 2 ноҳияи вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа асосан самтҳои ҷангалпарварӣ, тақвияти иқтидори идоракунӣ, рушди чорводорӣ, беҳтар намудани зоти чорво ва дастгирии хадамоти шахсии байторӣ дар минтақаҳо, тақвияти самтҳои муносибати бозоргонӣ, тақвияти иқтидор оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ғайра роҳандозӣ карда мешаванд.

Дар мавриди татбиқи лоиҳа бо вазорату сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, институтҳои соҳавӣ ва худи ҷомеа ҳамкории судманд ба роҳ монда мешавад.

Лоиҳа якчанд зерқисмат ва натиҷагириҳоро дар бар гирифта, дар мавриди татбиқи он занон ва ҷавонон ба чорабиниҳо ва дастгириҳои лоиҳа фаро гирифта мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи мазкур бо фарогирии васеи худ яке аз лоиҳаҳои ҷадиде мебошад, ки якбора чанд самти муҳити кишоварзию экологӣ ва иҷтимоию иқтисодиро дар бар мегирад ва натиҷаҳои интизории он низ хеле ҷолиб ва мақсаднок арзёбӣ карда мешаванд.

Бо татбиқи амалии лоиҳаи макур, ки аз қисматҳо ва зерқисматҳои муҳим иборат мебошад, имконият пайдо мегардад, ки рушди соҳаи кишоварзии мамлакат дар робита ба коҳиш додани пайомадҳои тағйирёбии иқлим таъмин гашта, дониш ва малакаи ҷомеа вобаста ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим баланд гардад. Ҳамзамон технологияҳои муосири замонавӣ дар истеҳсолот ҷорӣ гардида, ба ин васила истеҳсолоти сифатан хуби маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат таъмин карда шавад.

Дар ҷамъомад аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ, коршиносон ва мушовирони байналмилалӣ ҷанбаҳои техникии татбиқи лоиҳа вобаста ба қисматҳо, самтҳо ва натиҷаҳои интизории он мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби иштирокчиён таклифҳои судманд пешниҳод гардид.

АКС: Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»

Март 14, 2023 19:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст