Эмомалӣ Раҳмон: «Дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид»
ДУШАНБЕ, 08.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 7 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи модар таъкид намуданд, ки «Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо боиси бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардид».
«Илова бар ин, тибқи супоришҳои дар паёмҳои қаблии Роҳбари давлат гузошташуда танҳо дар ду соли охир ду ҳуҷҷати муҳим – «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030» қабул карда шуд», -тазаккур доданд Сарвари давлат.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои инкишоф ва истифодаи ҳарчи бештари қобилияти занону бонувон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди устувори ҷомеа ҳадафи асосии ҳуҷҷатҳои зикршуда мебошад.
«Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст, андешидани тадбирҳои зарурӣ идома дорад».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






