Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT – 2023» муаррифӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT – 2023», ки 16-18 март дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор мегардад, муаррифӣ карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
10 март дар Душанбе бо иштироки роҳбарияти Кумита ва роҳбарони осоишгоҳу ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, ки дар намоишгоҳи мазкур иштирок менамоянд, ҷаласаи корӣ баргузор шуд.
Ба масъулон ҷиҳати иштироки фаъолона дар намоишгоҳ, муаррифии шоистаи иқтидори сайёҳӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, нишон додани эҳсоси баланди ватандорӣ ва меҳмондории миллати тоҷик тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Тазаккур дода шуд, ки гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкур дар масоҳати 24 метри мураббаъ ташкил карда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар баробари ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳ намояндагони соҳаи сайёҳӣ аз гӯшаҳои гуногуни дунё ва минтақаҳои Русия иштирок намуда, маҳсулоти сайёҳии худро ба дӯстдорони сайру саёҳат пешниҳод менамоянд.
Иштироки масъулони соҳаи сайёҳии мамлакат дар чунин намоишгоҳҳои сатҳи байналмилалию ҷаҳонӣ яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон маҳсуб шуда, барои тавсеаи ҳамкории ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо ширкатҳои давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон/бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад






