Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст

Октябрь 11, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 11.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳашт моҳи соли равон дар ҳама категорияи хоҷагиҳои парандапарварии Тоҷикистон 31 ҳазору 369 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025   7,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зиёдшавии истеҳсоли гӯшти паранда дар вилояти Суғд 10,9 фоизро ташкил дода, ба 15 068 тонна баробар гардидааст. Истеҳсоли гӯшт дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 66 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025  3,4 фоиз аст. Дар вилояти Хатлон истеҳсоли гӯшти паранда 6807 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025   5,7 фоиз зиёд мебошад. Дар шаҳру норҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 9428 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2025      4,5 фоиз бештар мебошад.

Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад. То соли 2026 дар ҷумҳурӣ шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 232 ададро ташкил намуд. 140 адади он ба вилояти Суғд, 38 адад ба вилояти Хатлон, 54 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе рост меояд.

Аз шумораи умумии корхонаҳои мавҷуда 102 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 116 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионию чӯҷаи якрӯза машғул мебошанд.

АКС аз бойгонӣ 

 

 

Октябрь 11, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд