Имрӯз дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик пуршукуҳ таҷлил гардид

Март 11, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма инъикосгари таҳаввулоти азими иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ буда, барои сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир доранд. Зеро инкишофи шуури ҷамъиятро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз худ намудан ва таҳлилу тарғиби фаъолияти сохторҳои ҷомеа фақат ба воситаи онҳо имконпазир мебошад. Чунин иброз гардид имрӯз зимни ифтитоҳи ҳамоиши тантанавӣ дар Китобхонаи  миллии Тоҷикистон бахшида ба 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Пеш аз оғози ҳамоиш намоиши китоб доир гардид, ки иштирокдорони он аз китобҳои тозанашри нависандагону шоирони тоҷик дидан намуданд.

Дар ҳамоиш мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.


Роҳбарияти Вазорати фарҳанг зимни ифтитоҳи ҳамоиш Рӯзи матбуоти тоҷикро аз қабили падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки  он  бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994  инҷониб дар саросари Тоҷикистон ба таври расмӣ  ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик  ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд,  иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 111 сол сипарӣ гардид. Ҳамасола  ин сана чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма,   матбуот ва  табъу нашр  таҷлил  карда мешавад.

Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ  ба як зумра рӯзноманигорон унвонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», сипосномаҳо ва ба расонаҳои иттилоотӣ диплому  ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ иброз доштанд, ки «имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд».

Матбуоти тоҷик дар баробари ҳамқадами замона будан пастиву баландиҳои зиёдеро убур намудааст. Таъсису ташаккули он осон сурат нагирифта, дар ҳар давра нисбат ба ташаккули он омилҳои зиёде вуҷуд доштааст. Яке аз онҳо- ин пеш аз ҳама, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ истифода кардан аз матбуот буд. Зиёиёну равшанфикрони гуногун ормонҳои худро аз ин минбар баён дошта, аз мавҷудияту ҳастии миллат садо баланд мекарданд. Матбуот ба ин васила маҳбубият пайдо карда, дидгоҳе ба ҳисоб мерафт, ки ҳақиқатҳои зиёдеро равшану возеҳ менамуд.

Тавре дар суҳбат бо мо сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти  Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳмоналӣ Шералӣ иброз намуд, дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум буда, нақши он дар раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим мебошад. Рӯзи матбуоти тоҷик яке аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дониста мешавад. Зеро таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.

Тавре устод Садриддин Айнӣ иброз доштааст: «Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки  мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд».

Дар хотима иштирокдорон иброз доштанд, ки ВАО ва матбуот роҳнамои ҳаёт ва нишондиҳандаи набзи ҷомеа мебошад ва бигзор ин рисолатро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАТАНРО МИСЛИ СПИТАМЕН, ТЕМУРМАЛИКУ ВОСЕЪ БОЯД ДӮСТ ДОШТ. Ҷавонон бояд бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ раванд!
Ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар форуми «Ҷомеаи солим» иштирок намуд
Дар Осиёи Марказӣ ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» таҳният мегўянд, — бардошт аз ҷашни наврўзӣ дар Бӯстон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ иштирок намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Катерин Рассел мулоқот намуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон дар меҳвари ташаббусҳои бузурги байналмилалӣ дар соҳаи об
Дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ қариб 700 гектар замин обёрӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон толору озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ ба истифода дода шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Нақши Тоҷикистон дар баргузории Конфронси оби СММ-2023 — таассуроти роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ
ТАОМҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР БАДАХШОН. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин хусус маълумот ҷамъоварӣ намуд