Имсол шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба Британияи Кабир ба кори мавсимӣ раванд

Март 1, 2023 13:55

ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2023 шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои кори мавсимӣ ба Британияи Кабир раванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гуфта шуд, ки дар айни замон марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир бо ширкати Про-Форс шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд, ки дар доираи он шаҳрвандони Тоҷикистон ба кори мавсимӣ ҷалб карда мешаванд.

Бақайдгирии шаҳрвандон барои кори мавсимӣ дар Британияи Кабир танҳо тавассути Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст. Раванди бокортаъминкунии шаҳрвандон дар доираи барномаи кори мавсимӣ дар Британияи Кабир танҳо дар асоси озмун бо иштироки намояндагони ширкат амалӣ карда мешавад. Баъд аз гузаштан аз озмун хароҷот вобаста ба омода кардани раводид ва арзиши чиптаи ҳавоӣ аз ҷониби худи номзад пардохт карда мешавад.

Тамоми хизматрасонии марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират барои бақайдгирии шаҳрвандон ройгон мебошад.

«Шаҳрвандони синнашон аз 20 то 40-сола (зан ё мард) барои кор муроҷиат карда метавонанд. Муҳлати шартномаи меҳнатӣ шаш моҳ аст. Пас аз шаш моҳ муҳоҷири тоҷик бояд ба Ватан баргардад», — гуфт манбаъ.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода зимни нишасти матбуотӣ 13 феврал баён дошт, ки соли 2022 Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа тибқи дархостҳои ҷойҳои кории холии субъектҳои кордиҳандаи давлатҳои хориҷӣ 2013 нафарро муташаккилона дар хориҷи мамлакат бо ҷойи кор таъмин намуд, аз ҷумла дар Федератсияи Русия — 1709 нафар, Қазоқистон — 223, Ҷумҳурии Туркия — 29 нафар, Лаҳистон — 35 нафар, Руминия — 11 ва Амороти Мутаҳидаи Араб — 6 нафар бо кор таъмин карда шуданд.

«Дар соли сипаригардида аз ҷониби марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбеи Хадамоти муҳоҷират бо мақсади гуногунсамтии кишварҳои қабулкунандаи қувваи корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Корея шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар асоси шартномаи тарафайн бо иштироки намояндагони ширкати Про-форс 383 нафар дар Британияи Кабир бо кор таъмин гардид», — гуфт мавсуф.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли сипаригардида шаҳрвандони мамлакат барои кори мавсимӣ ба Ҷумҳурии Корея низ ҷалб гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади гузариш ба низоми рақамӣ, мусоидат ба шуғли ҷавонон, таҳкими ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти меҳнатии мавсимии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 лоиҳаи санади байниҳукуматию байниидоравӣ дар баррасии Тарафҳо қарор дошта, миёни онҳо Ёддошти тафоҳум бо Давлати Кувайт дар самти муҳоҷират барои баимзорасонӣ омода мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 1, 2023 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст