МОДАР-САРЧАШМАИ ҲАЁТИ МУЗАФФАР. Дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» ҳамоиши идона доир гардид

Март 7, 2023 15:53

ДУШАНБЕ, 07.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» таҳти унвони «Зан-Модар — таҳкимгари сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ» ҷамъомади кормандон баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар муассисаи мазкур.

Директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» Қурбон Ғуломзода зимни табрики занону модарон бо ин ҷашни муқаддас иброз дошт, ки “Модар қувваи бузурги башарият буда, танзимгари неруи ақлонию ҷисмонӣ ба шумор меравад. Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии  хеш ба ин муносибат қадри занро бузург арзёбӣ намуда, аз ҷумла чунин таъкид намудаанд: «Мо вазифадорем, ки модарону бонувонро ҳамчун чароғи хонадон ва нигаҳдорандаи гармии ҳар хонаю кошона дӯст дорем, ба қадри муҳаббату бедорхобӣ ва заҳмату талошҳои онҳо бирасем, эҳтиромашонро ба ҷо оварем. Ва кӯшиш намоем, ки модарону занон ва хоҳарону духтарони мо ҳамеша саломат, хушбахт ва саодатманд бошанд. Дар ин рӯзи саид ба модарону занони азизи  мамлакат муроҷиат карда, мехоҳам хотиррасон намоям, ки амонати вазнини инсонсозӣ, яъне ташаккули инсони солеҳу солим маҳз ба дӯши шумо гузошта шудааст». 

Иброз гардид, ки бо самимияту дӯстдорӣ ва муҳаббату қадршиносӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар ҷумҳурии мо нишонаи эътибору эҳтироми давлату Ҳукумат ва мардуми мамлакат ба Модар ва қадру манзалати шоистаи ӯ мебошад. Зеро Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст.

Агар Наврӯз оғози эҳёи табиат бошад, Зан –Модар офарандаи ҳаёти инсонӣ мебошад. Ба ибораи дигар, зиндагии аҳли башар аз домони поки модар ва шири сафеду ҷонбахши ӯ сарчашма мегирад.

Дар ҳақиқат имрӯз ба дӯши модарон вазифаҳои хеле масъулиятнок гузошта шудааст. Албатта, маҳз модарон метавонанд, ки ин уҳдадорӣ ва масъулияти баланди зиндагиро  сарбаландона иҷро намоянд, дар мустаҳкам гардидани сулҳу суботи комил, якдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди дигар соҳаҳои давлатдории Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Дар ҷамъомад кормандони масъули соҳа оид ба сарчашмаи ҳаёти музаффар будани занон ва хизматҳои шоёни онҳо дар ҷомеа сухан гуфтанд.

    АКС аз бойгонӣ

Март 7, 2023 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд