«НАҚШИ ЗАНОН ДАР ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ». Таҳти ин унвон дар Агентии хизмати давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд

Март 4, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 04.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Нақши занон дар хизмати давлатӣ» ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, ки дар он фаъолзанони мамлакат, хизматчиёни давлатӣ, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, роҳбарият ва кормандони Агентӣ, занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва магистрантони хизматчии давлатӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар агентии мазкур хабар доданд.

Дар ҷамъомад роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба нақши занон дар ҷомеаи имрӯза изҳори назар карданд.

Тазаккур дода шуд, ки дар мамлакати соҳибистиқлоламон бонувон дар баробари тарбияи фарзандони солеҳ, чун қувваи бузургу пешбаранда дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти Ватан баробари мардон фаъолияти созанда доранд ва ҳамарўза бо ташаббусҳои наҷиб, эҷодкорӣ ва садоқату самимият қалбҳои ҳамкоронро нуру сафо мебахшанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш, дар вазъияти тантанавӣ ба шунавандагони курси такмили ихтисос- занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи барномаи «Малакаи роҳбарӣ» Гувоҳномаи хатми курс супорида шуд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 4, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд