НАВРӮЗ ДАР МАСТЧОҲ. Дар деҳоти Палдораки ноҳия иди миллиро бошукуҳ ҷашн гирифтанд

Март 14, 2023 19:41

ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аҳолии деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ба тантанаҳои наврӯзии ноҳия оғоз бахшиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳия.

Роҳбарияти ноҳияи Мастчоҳ аҳолии деҳотро бо ин ҷашни миллӣ табрик намуд. Иброз гардид, ки мардуми сарбаланди Палдорак бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми мамлакат нахустин шуда, Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо риояи тамоми ойину анъанаҳои нек таҷлил намуданд. Шукуҳи минбаъдаи Наврӯзи Палдорак дар кишту кор ва ғайрату ҳиммати кишоварзони он ифода меёбад.

Бояд гуфт, ки сокинони деҳоти Палдорак барои таҷлили ин ҷашн бо камоли муҳаббату садоқат омодагӣ мегиранд. Наврӯзгоҳро ороста, дастархони идона омода мекунанд. Дар майдони гӯштингирӣ паҳлавонони деҳа ва варзишгарон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат, инчунин аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя бо ҳам қувваозмоӣ менамоянд.

Дар ҷашни наврӯзӣ ба фаъолтарин раисони маҳаллаҳои деҳоти Палдорак ва варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, туҳфа ва сипоснома тақдим карда шуд.

АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Март 14, 2023 19:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истаравшан ҷашни Наврӯз бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҷлил гардид
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
Дар Кумитаи телевизион ва радио ҷашни байналмилалии Наврӯз бо риояи расму оинҳои хосса таҷлил гардид
Дар Суғд мусобиқаи пойга ва бузкашӣ баргузор шуд
Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо барномаи рангини ҳунарӣ таҷлил гардид
Наврӯз ба унвони аввалин рӯзи офариниши табиат ёдгор аз таърихи куҳани мардуми тоҷик аст
Дар саҳни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бахшида ба Наврӯз бозиҳои миллӣ баргузор гардид
Дар тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар Ҳисор меҳмонон аз Узбекистон низ иштирок намуданд
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон доир ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии Наврӯзи байналмилалӣ конференсия баргузор гардид
ШОҲҶОИЗА- ЭЛЕКТРОМОБИЛ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаҳои варзишӣ ҷамъбаст шуданд
НАВРӮЗ-ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ. Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ин ҷашни байналмилалиро таҷлил намуданд
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»