НАВРӮЗИ НАВБАҲОРОН БАР ДӮСТОН МУБОРАК! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз «Боғи Низомиддин Алишер Навоӣ»»-и шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 21.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба муносибати таҷлили бошукуҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯз тамоми гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе зебу зиннат дода шудаанд. Аз ҷумла, Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» низ ба таҷлили ин ҷашн омода гардида, дар он ҳамарӯза сокинону меҳмонони пойтахт ба сайру гашт мебароянд.
Бояд тазаккур дод, ки боғи мазкур дар асоси Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 марти соли 2018 «Низомиддин Алишер Навоӣ» номгузорӣ шуда, дар он ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Узбекистон муҷассамаи мутафаккирони барҷастаи ин ду миллати бо ҳам дӯсту ҳамсоя Нуриддин Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ гузошта шудааст.
Гулҳои рангорангу дарахтони сояафкани гулпӯши боғ ва дигар ороишоти рамзи баҳору Наврӯз, ки ин шабу рӯз дар ин боғ насб гардидаанд, аз ҷониби суратгири АМИТ «Ховар» Тоҳирҷони САИД аккосӣ шудааст.


































Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
ЛОЛАҲОИ ШУКУФОНИ ДУШАНБЕ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз кӯчаву хиёбонҳои гулпӯши пойтахт
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Ҷилваи мероси рангини тоҷикон дар Боку
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд






