ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Хатари тармафароӣ, резиши санг, сел ва фаромадани ярч то 10 март боқӣ мемонад

Март 9, 2023 11:45

ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 март, тахминан соати 07:42, дар километри 472-юми деҳаи Шипати Ҷамоати деҳоти М. Абдулвосиеви ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сангреза фаромада, роҳи байналмилалии самти ноҳияи Ванҷ-Рӯшон муваққатан баста шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии мамлакат, то 10 март  дар роҳҳои Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Лахш, Кӯлоб-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хатари тармафароӣ, резиши санг, сел ва фаромадани ярч боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳистон, чаронидани чорво ва ҷамъоварии ҳезум, инчунин моҳидорӣ  худдорӣ намоянд.

Ҳамзамон ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ дар кӯчаву манзилҳо аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо тамоми заҳбуру таҳхонаҳоро тоза намоянд.

 АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 9, 2023 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд