Қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» муаррифӣ гардид

Март 14, 2023 15:23

ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оила, Шӯрои занони судяҳо,  Ассотсиатсияи шӯроҳои занони назди Вазорати корҳои дохилӣ доир ба муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Таъкид карда шуд, ки дар ҳақиқат, ҳалли мушкилоти баробарҳуқуқии мардону занон масъалаест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он аҳамияти хосса медиҳад. Тоҷикистон низ, ки ҷузъи ин ҷомеаи ҷаҳонст, баҳри ҳалли ин мушкилот корҳои зиёдеро анҷом додааст, зеро он таҳти назорати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани мавқеъ ва нақши зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд.  Дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи Модар 7 марти соли равон Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо боиси ба маротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардид. Илова бар ин дар ду соли охир ду ҳуҷҷати муҳим–«Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030» қабул карда шуд.

Дар баробари ин гуфта шуд, ки таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст. Дар моддаи 17-и Конститутсия омадааст, ки «ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.  Мардон ва занон баробарҳуқуқанд».

Ҳамзамон дар ҳамоиш иброз гардид, ки солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мутобиқ гардонидани қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар мамлакат механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мустаҳкам карда шуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 14, 2023 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд