Рашид Мередов: «Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ байни Туркманистон ва Тоҷикистон босуръат рушд мекунад»

Март 9, 2023 14:56

ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

«Мехоҳам ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои суҳбат ва муносибати боэҳтиром нисбат ба Туркманистон, ба мардум ва роҳбарияти кишварамон, барои таваҷҷуҳи бузурге, ки шахсан ба омодагӣ ба сафари аввалини давлатии Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон зоҳир менамоянд, изҳори сипос гӯям», — иброз намуд Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дар нишасти матбуотӣ барои рӯзноманигорон оид ба натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ карда шуд.

Рашид Мередов таъкид кард, ки имрӯз Туркманистон ва Тоҷикистон ҳамкориро дар доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла дар ҷанбаи сиёсиву дипломатӣ густариш медиҳанд. «Дар ин росто давлатҳои мо тайи беш аз 30 сол аст, ки ҳамдигарро дар арсаи байналмилалии сиёсӣ, пеш аз ҳама, дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои муҳими байналмилалӣ дастгирӣ мекунанд», — илова намуд Вазири корҳои хориҷии Туркманистон.

Вазири корҳои хориҷии Туркманистон таъкид намуд, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ байни ду давлат босуръат инкишоф ёфта, минбаъд зиёд ва амиқтар хоҳад шуд.

«Мулоқот хеле созанда буд, ман барои ин вохӯрии судманд аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миннатдорам», — гуфт дар анҷом Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов.

Ёдовар мешавем, ки дар нимаи дуюми рӯзи 8 март муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо сафари расмӣ ба Душанбе омад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

Март 9, 2023 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар мулоқот намуд
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътимоднома супорид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмии Миср мулоқот намуд
Татбиқи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад
Сафири Тоҷикистон бо сардори Идораи Осиёи Марказии Вазорати умури хориҷаи Эрон мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо ҳамраиси Шурои кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар шаҳри Анқара Рӯзи фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти мусиқии симфонӣ густариш меёбад