Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо сарварони ширкатҳои сайёҳии Миср мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 12.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin-2023» роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Берлин дар сиғаи B2B ва B2G бо роҳбарони ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мисри Араб дар бахши сайёҳӣ ва фаъолияти меҳмонхонавӣ мулоқоти судманд анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд, роҳбарияти Донишгоҳ бо раиси Шӯрои директорони шабакаи меҳмонхонаҳои «JAZ Hotel group», менеҷерони генералии ширкатҳои «Gasbar Travel» ва «Exclusive Holidays»-и Ҷумҳурии Мисри Араб мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни гуфтушунид мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо минбаъд донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосу самтҳои марбут ба таҷрибаомӯзӣ ва табодули таҷриба ба кор фаро гиранд.
Ҳамзамон дар ҳошияи «ITB Berlin-2023» вохӯрии роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳо ва ширкатҳои сайёҳии олмонӣ баргузор гардид.
Дар он масоили вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва омодасозии мутахассисони бахши сайёҳӣ ва меҳмонхонадорӣ баррасӣ карда шуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад






