Сарвазири Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва ифтитоҳи иншооти нав ба ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор сафар намуд

Март 11, 2023 10:38

ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор бо ҳолати пойгоҳҳои обкашӣ, ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бунёди иншооти нав бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Панҷ шинос гардид.

Таъкид гардид, ки масофаи дарёи Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 25 километрро ташкил медиҳад ва ҳамасола корҳои тозакунии маҷрои дарё ва соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода мешаванд. Ҳоло зиёда аз 10 ҳазор тахтасангҳо барои соҳилмустаҳкамкунӣ захира карда шуда, барои иҷрои корҳо 6 техника ва механизм ҷалб гардидааст.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хавфнок идома дода мешавад.

Ҳамзамон барои дар оянда бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳои ҳудуди ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ бо сармояи хориҷӣ дар масоҳати 36 гектар бунёди ҳавзи обтакшинкунӣ идома дорад.

Қоҳир Расулзода барои тезонидани раванди сохтмон ва сари вақт ба истифода додани иншоот сохтмончиёнро вазифадор намуд.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки бунёду навсозии роҳу пулҳо бо мақсади беҳтар намудани имконияти хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт анҷом дода мешавад. Сохтмони пули мошингузар дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ деҳаи Файзободро бо деҳаи Изатулло Шарифов мепайвандад. Пули мошингузар бо дарозии 45 метр ва паҳноии 6,5 метр мавриди истифода қарор мегирад. Мутахассисону коргарон барои ичрои босифати корҳо вазифадор карда шуданд.

Таҷдиду барқарорсозии дастгоҳҳои пойгоҳҳои обкашии мавзеи Уртабуз бо ҷалби сармоя соли 2021 оғоз гардида буд.

Корҳои сохтмонӣ дар доираи Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ»-и Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шудаанд.

Таъмини бинои барқтақсимкунӣ, ивази ноқилҳои баландшиддат ва нав кардани зиёда аз 1000 метр қубурҳои баландфишори оҳанӣ анҷом дода шудааст.

Дар маҷмуъ имрӯз аз ҳисоби фаъолияти пойгоҳҳои обкашии Уртабуз тақрибан 5200 гектар замин обёрӣ карда мешавад. Навсозии иншоот ба беҳтар шудани фаъолият, кам шудани масрафи қувваи барқ ва баланд гардидани иқтидори пойгоҳҳо мусоидат намуд.

Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Фархор боздид намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол кишоварзони ноҳияи Фархор дар майдони 9650 гектар чигит кишт мекунанд. Ҳоло ин раванд дар хоҷагиҳои деҳқонӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадаму тухмиҳои ба шароити ноҳия мутобиқ ҷараён дорад.

Қоҳир Расулзода бо ёдоварӣ аз супоришҳои пайвастаи Роҳбари давлат ҷиҳати таъмини истифодаи самараноки замин ва баланд бардоштани ҳосилхезӣ кишоварзонро барои таъмини вусъати корҳои саҳроӣ вазифадор намуд.

Таъкид карда шуд, ки имрӯз ҳадафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба он равона гардидааст, ки бо роҳандозии таҷрибаи пешқадами кишту парвариши зироат афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро таъмин намояд.

Тазаккур дода шуд, ки майдони умумии пиёз дар ноҳияи Фархор 550 гектарро ташкил медиҳад ва ҳоло ин намуди сабзавот дар ҳолати хуби нашъу намо қарор дорад. Хоҷагидорон мақсад гузоштаанд, ки фаровониро дар бозори истеъмолӣ таъмин намоянд. Баъди таҷрибаҳои амалӣ имрӯз ҳадафи хоҷагидорон ба васеъ кардани майдони гармхонаҳои доимамалкунандаву мавсимӣ равона карда шудааст.

Дар ноҳияи Фархор майдони гармхонаҳои доимамалкунанда зиёда аз як гектар ва гармхонаҳои мавсимӣ 5 гектарро ташкил медиҳад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозии пойгоҳҳои Уртабузро беҳтарин имконият барои рушди соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ карда, хоҷагидоронро барои таъмини истифодаи самараноки замин вазифадор кард.

Зимни муаррифии лоиҳаи «Хизматрасонӣ бо неруи барқ ба маҳаллаҳои аҳолинишини вилояти Хатлон» маълумот дода шуд, ки дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 64 деҳа бо неруи барқ таъмин карда мешавад. Ҳоло он дар 5 деҳа идома дорад.

Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки лоиҳаи мазкур дар заминаи ғамхориву таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мешавад ва мардумро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот расида, дастовардҳои Истиқлоли давлатиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи навбунёди ноҳияи Фархор бинои Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №66 барои 960 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф соли 2020 оғоз гардида, мутобиқ ба талаботи меъмории замонавӣ ба анҷом расонида шуданд.


Сарвазири мамлакат фароҳам овардани шароити замонавиро барои таҳсил аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии Роҳбари давлат арзёбӣ кард ва наврасонро бо истифода аз чунин шароит ба таҳсили намунавӣ ҳидоят намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассиса дорои толор барои гузаронидани чорабиниҳо, ошхона, синфхонаи дӯзандагӣ, маркази рушди истеъдодҳо ва дигар шароити муосир барои таҳсил мебошад.

Дар идомаи сафари Қоҳир Расулзода дар кӯчаи ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Фархор коргоҳи макаронбарорӣ ва маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд. Иншоот бо сохти меъмории замонавӣ бунёд гардида, фаъолияташ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда равона карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ соли 2021 оғоз гардида, то имрӯз мутобиқ ба талаботи муосир ба анҷом расонида шудаанд. Иқтидори корхона дар як шабонарӯз якуним тонна маҳсулоти тайёрро ташкил медиҳад. Оянда дар ошёнаи дуюми корхона коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода шуда, шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда мешавад.

Дар ноҳияи Фархор бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаҳои савдо ва маркази хизматрасонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Машҳур тиҷорат» ба истифода дода шуд. Иншоот бо сохти меъмории муосир давоми ду сол сохта шуда, фаъолияташ ба пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун барои сокинон равона гардидааст. Дар иншооти мазкур 25 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Ҳамзамон дар доираи сафари кории Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Фархор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳотам», ки ба истеҳсоли хишт нигаронида шудааст, мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти саноатӣ бахшида ба Солҳои рушди саноат ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид.

Иқтидори солонаи он то 3 миллион дона хишти пухта буда, метавонад дар баробари ноҳияи Фархор ба ноҳияҳои атроф низ масолеҳи сохтмонӣ пешниҳод намояд.

Дар корхона вобаста ба зиёд шудани талабот ба махсулот қариб 50  сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин бунёдкориву созандагиро ба натиҷаи тадриҷан амалишавии ҳадафҳои давлату Ҳукумати мамлакат марбут дониста, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, рушди иқтисод ва беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум муҳим арзёбӣ намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2023 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 19 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пахтачинӣ оғоз ёфт
Дороиҳои «Саноатсодиротбонк» дар нимсолаи якуми соли 2025 афзоиш ёфтааст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо кишти такрорӣ ва нашъунамои пахта шинос шуд
Буфатима Турганбоева: «Грантҳои президентӣ имкон медиҳанд, ки занони соҳибкор дар рушди саноатикунонии Тоҷикистон саҳм гузоранд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» ба муштариён беш аз 1 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби судҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсионию назоратӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодӣ 1924 парванда баррасӣ гардид
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҳисор 1127 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Шаҳринав дар шаш моҳ ду корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 382 миллион сомонӣ расид
Оид ба роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии картошка дар минтақаҳои доманакӯҳ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Қабули Қатъномаи СММ оид ба зеҳни сунъӣ дастоварди муҳими байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ аст