«Сигори электронӣ. Аз тарғиботи нодуруст то ҳақиқати марговар», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Март 9, 2023 14:19

ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон дар матбуоти даврии  Тоҷикистон  рӯйдодҳои муҳими мамлакат ва ҷаҳон бозтоб гардиданд. Дар ин хусус шарҳи мухтасари АМИТ «Ховар» пешниҳоди   хонандагони сомона мегардад.

«Ҷумҳурият»  — нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин шумораи рўзномаи мазкур  №50 (24 661)  аз 6 марти  соли равон   дар саҳифаи аввал мақолаи таҳлилӣ   таҳти сарлавҳаи  «Энергетика. Нақши Пешвои миллат дар рушди муҳимтарин соҳаи ояндасоз»  ба нашр расидааст.

Муаллиф нигоштааст, ки дар зарфи 31 соли Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон  бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил шуд, ки неругоҳҳои барқи обии   «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», агрегати 1-уми НБО  «Роғун» 16 ноябри соли 2018 ва агрегати 2-юми ин неругоҳ 9 сентябри соли 2019, НБО  «Помир-1» ва зиёда аз 280 неругоҳи барқи обии хурд ва дастгоҳҳои офтобиро ба истифода дода, зиёда аз 1500 МВт тавоноии навро ба даст оварад.

«Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  23 декабри соли 2022 таъкид гардид, ки  талафоти барқ то ба ҳол нигаронкунанда буда, дар даҳ моҳи соли 2022  ин нишондод 20,4 дарсадро ташкил додааст.  Дар паст намудани талафоти неруи барқ «фактори одамӣ» хеле муҳим мебошад. Зарур аст, ки системаи автоматикунонидашудаи  баҳисобгирии комплексии неруи барқ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ҷорӣ карда шавад»,-омадааст дар мақолаи мазкур.

«Сигори электронӣ. Аз тарғиботи нодуруст то ҳақиқати марговар» — чунин сарлавҳагузорӣ шудааст мақолаи дигаре, ки дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»  рӯи чоп омадааст.

Муаллифи мақола чунин иброз доштааст: «Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки дар баробари шаҳрвандони хориҷӣ сокинони Тоҷикистон, махсусан ҷавонон ва аҳён-аҳён наврасон низ аз сигорҳои электронӣ истифода мебаранд. Онҳо ба ин боваранд, ки сигорҳои электронӣ ба саломатӣ зарар надоранд. Бо ин ақида худро ором мекунанд ва ба қавле дудкуниро идома медиҳанд ва бо ин роҳ сигорҳои электрониро тарғиб менамоянд. Нашрияи амрикоии Environmental Science & Technology пажӯҳишеро бо далелҳо ва ҷадвалҳои кимиёвӣ нашр кард, ки тибқи он, сигорҳои электронӣ амалан аз сигорҳои муқаррарӣ ҳеҷ фарқе надоранд».

«Бар пояи навиштаҳои коршиносони Донишгоҳи Копенгаген, 95 дарсади тадқиқоти олимони мустақил ба саломатӣ зарар доштани сигорҳои электрониро исбот мекунанд. Далелҳои дар солҳои охир ҷамъшуда, аллакай, нишон додаанд, ки ин навъи тамоку хатари пайдоиши бемории шушро тақрибан 50 дарсад зиёд намуда, боиси пайдоиши лахтаҳои хун мегардад. Инчунин, ба афзоиши хатари инсулт 71 дарсад, сактаи дил ва стенокардия 59 дарсад ва инкишофи бемории ишемияи дил 40 дарсад  мусоидат мекунад. Илова бар ин, моддаҳои аэрозолҳои сигорҳои электронӣ ба биноии чашм низ хатар доранд»,- таъкид менамояд муаллиф.

Инчунин дар ин шумораи  рӯзномаи «Ҷумҳурият»  таҳти сарлавҳаҳои «Хурофотпарастӣ. Зуҳуроти нангине, ки ҷомеаро аз масири рушд канор мезанад»,  «Муҳаббат. 52 соли омўзгории як модар»,  «Муъминобод.Ноҳияе, ки дилҳоро тасхир мекунад», «Сада. Анъанаҳои фарҳангию фалсафӣ»,  «Рўзгоре барои ибрат»  ва дар зери  рубрикаҳои «Муҷассамаи меҳр» ва «Сайёҳӣ-баррасии масъалаҳои муҳими соҳа» матолиби ҷолиб ва хабарҳои мухтасар  доир ба рӯйдодҳои  муҳими  мамлакат ва ҷаҳон ба нашр расидааст.

«Садои мардум» нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин рўзнома рӯзи душанбе, 6 март №33 (4616) мисли  дигар  нашрияҳои ҷумҳурӣ  хабару гузоришҳои расмиро дар саҳифаи аввал ҷой додааст.

Дар ин шумораи  рўзномаи «Садои мардум» таҳти сарлавҳаҳои   «Дипломатияи парлумонӣ ба рушди тамоми шаклҳои ҳамкорӣ мусоидат мекунад», «Асосҳои ҳуқуқии таъмини амнияти иттилоотӣ. Иттилоърасонҳо бояд онро барои таҳкими сулҳу ваҳдат самаранок истифода баранд»,  «Пешрафт бе саҳмгузории занон ғайриимкон аст»,  «Роҳҳои танобӣ. Дар ин масир монеа вуҷуд надорад», «Қарзҳои соҳибкорӣ ва ипотекӣ. Фоизи онҳо пас аз таъкиди Роҳбари давлат пас мешавад?», «Чаро муассисаҳои буҷетӣ маблағи истифодаи барқро пардохт намекунанд?»,   «Амри дилро бо қалам ба ҷо овард»  ба чоп расидааст.

Муаллифи «Роҳҳои танобӣ. Дар ин масир монеа вуҷуд надорад» баъди овардани мисолҳои зиёд дар бораи манфиати роҳҳои танобӣ  чунин пешниҳод намудааст: «Хуб мешуд, ки бо ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ на танҳо дар пойтахт, балки дар шаҳрҳои Хоруғу Роғун, Кӯлоб ва Бохтар низ роҳҳои танобӣ сохта шавад, зеро бартариҳои иқтисодию экологии ин навъи нақлиёт дар бисёр кишварҳо исбот шудааст. Яке аз афзалияти мошинҳои кабелӣ дар он аст, ки барои кашидани хати онҳо замин аз истифода намебарояд. Хати ҳаракати онро аз болои боғу киштзор ва роҳҳои мавҷудаю минтақаҳои аҳолинишин низ кашидан мумкин аст. Ин намуди нақлиёт зудтар маблағи сарфшударо ҷуброн намуда, талабот ба сӯзишвориро коҳиш медиҳад».

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми декабри соли 2022 супориш дода шуд, ки Бонки миллӣ якҷо бо Вазорати молия, КВД «Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк»  ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин, бо фоизи даст­рас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ чораҷӯӣ намояд.

«Дар ҷумҳурии  мо қарз, бахусус қарзҳои ипотекӣ, то андозае дастнорас ҳисобида мешавад. Ба он маъно, ки аз сабаби баланд будани фоизҳо на ҳар муштарӣ аз хизматрасониҳои бонкӣ истифода карда метавонанд. Дар баробари ин, мавзӯи ҷалби пасандозгузорон, ки яке аз омилҳои асосии рушди кори бонкист, ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст»,- омадааст дар мақолаи «Қарзҳои соҳибкорӣ ва ипотекӣ. Фоизи онҳо пас аз таъкиди Роҳбари давлат пас мешавад?».

«Народная газета» — нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо забони русӣ чоп мешавад, дар шумораи №12 (20397), 7 марти  соли равон  дар баробари дигар нашрияҳо Паёми шодбошии   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  бахшида ба Рўзи Модар   таҳти унвони «Женщина –Мать творец человеческой жизни» ба нашр расонидааст.

Ҳамчунин дар ин шумораи «Народная газета» зери сарлавҳаҳои «М.Хидирзода: «День Матери –праздник света, любви и верност»,   «Не бывает чисто мужских или чисто женских специальностей», «Таджикский народ всегда ценил женщину -мать»,  «Женщина и весна-очаровательны»,  «Самая важная профессия –быть мамой»,  «Студенток Центра «Чароги хидоят» поздравили с Днем Матери»  ва ғайра маводҳо бахшида ба Рўзи Модар  рӯи чоп омадааст.

«Минбари  халқ»нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар саҳифаи аввали шумораи №9  (1406),  7 март, сешанбе,  бахшида ба Рўзи Модар мақолаҳои ҷолибу хонданборо таҳти сарлаваҳои «Модар фаришта аст…», «Муниси ҳар хонадон», «Меҳри Ватан-меҳри Модар аст»,  «Модар файзу баракати оила аст», «Бонуи «Бонувон»,   «Тоҷикзане дар тайга»-ро  ба нашр расонидааст.

Дар ин шумораи  «Минбари  халқ» ҳамчунин мақолаҳо таҳти сарлавҳаҳои «Рўзи матбуоти тоҷик шуд, «Бухорои шариф»», «Қаламам умри ҷовидони ман аст», «Марвориди андеша» ва ғайраҳо рўи чоп омадааст.

«Омўзгор»нашрияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон дар шумораи №10 (12391) аз 7 марти соли 2023 як зумра маводҳоро бахшида ба Рўзи Модар таҳти сарлавҳаҳои «Сафои рўзгори мост, модар!», «Тоҷи офариниш», «Дуои неки модарон», «Бонувони варзишгари тоҷик» ва ғайраҳо ба чоп расонидааст.

«Оғози марҳилаи асосии бақайдгирӣ», «Муборизаи беамон бо терроризм», «Асрори Маҳу Хуршеди фалак», «Омўзиши иловагии математика», «Инъикоси маориф ва маънавият дар «Бухорои шариф», «Умре, ки сарфи ҷодаи таълим гашт», «Омўзгор-рўзноманигор», «Соҳибэҳтиром»  матлабҳои дигари ин шумораи  рўзномаи «Омўзгор» аст, ки масоли муҳими рўзро барраси кардаву аз рўзгори одамони наҷиб ҳикоят мекунанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар

АКС: АМИТ «Ховар

Март 9, 2023 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд вазъи соҳаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ баррасӣ гардид
Дар Арманистон ҷаласаи Шурои раисони судҳои олии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«30 СОЛИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА ВА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ». Дар шаҳри Норак ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат 5390 кг маҳсулоти пастсифат ва хатарнок нобуд карда шуд
Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Бохтар конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Корея дар самти омӯзиши канданиҳои фоиданок ҳамкорӣ менамоянд
Интернети 4G ба муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар дастрас мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, панҷшанбе, 347-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд