Сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо шукргузорӣ аз баракати истиқлол Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд

Март 22, 2023 17:49

ДУШАНБЕ, 22.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 март сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо шукргузорӣ аз файзу баракати истиқлол ва нозу неъмати фаровон Ҷашни  байналмилалии Наврӯзро дар варзишгоҳи марказии ноҳия пуршукуҳ таҷлил карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар майдони варзишгоҳ гӯшаҳои наврӯзии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия ороста шуда, дар онҳо рӯи хони идона маҳсули дасти бонувони ноҳия: нону фатир ва кулчаю қатмол, ҳафтсину ҳафтшин ва хӯрокҳои миллӣ ороста гардида, ба қабули меҳмонон омода буд.

Ба табрики сокинони ноҳия роҳбарони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд омаданд.

Нахуст меҳмонон аз гӯшаҳои идонаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо дидан карда, ба ташкили хони наврӯзӣ ва пухтани таомҳои миллӣ, аз қабили кашки шабдегӣ, суманак, қурутоб, оши ба дӯғ, умоч ва нону фатирҳои болаззат баҳои баланд дода, ба занони пурҳунар таҳсину офарин хонданд.

Иброз гардид, ки ташкили корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия ба таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни сокинон ва баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии онҳо мусоидат менамояд. Аз Наврӯз то Наврӯз дар тамоми маҳаллаву деҳаҳои ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва навсозии иншооти ҷашнӣ ҷараён гирифт. Дар соли ҷашнӣ дар ноҳия даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардид, ки ин натиҷаи заҳмати мардуми сарбаланди Мастчоҳ мебошад. Бо умеду боварӣ гуфта метавонем, ки мардуми шарафманди Мастчоҳ ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирад.

Гуфта шуд, ки яке аз муҳимтарин суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯзро бахшидани гуноҳи якдигар, навозишу дастгирии ятимону маъюбон, хабаргирии падару модар, беморону калонсолон, боз намудани дасти хайру саховат ба оилаҳои камбизоату муҳтоҷ ва дармондаву ниёзманд ташкил медиҳад. Мо идомаи ин суннатҳои наҷибро ҳангоми сафарҳои кории Президенти мамлакат ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурии азизамон ва доир намудани мулоқоту суҳбатҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамасола мушоҳида мекунем. Аз ҷониби дигар, мояи ифтихор аст, ки ин суннати дерина ва анъанаи неки ниёгонамон аз ҷониби ворисони ин фарҳанги бузург, махсусан шахсони саховатманд низ идома ёфта истодааст.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ҳидоятҳои фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ҷашни Наврӯз мазмун ва моҳияти нав гирифт. Он ҳамчун тантанаи бунёдкорию ободонӣ ва созандагӣ, навиди ҳамбастагию иттиҳод ва ганҷинаи фарҳанги миллӣ мардуми шарифи Тоҷикистонро ба сӯйи фардои дурахшон раҳнамун месозад. Наврӯзи даврони истиқлол дурдонаи ваҳдату ифтихори миллӣ, замзамаи суруди самимияту муҳаббат ба Ватан ва саъю талоши пайвастаи мардуми Тоҷикистон барои таъмини саодати ҳаёт мебошад.

Дар ҷамъомад сарояндаҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, аҳли санъати бахши фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои ҷаззобу дилнишини худ табъи иштирокдоронро болида гардониданд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Март 22, 2023 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст