Таҷлили Рӯзи Модар муҳаббату самимият ва эҳтиром нисбат ба Зан-Модар аст

Март 7, 2023 14:49

ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» — таҳти ин унвон башида ба Рӯзи Модар дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҳамоиши идона баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ  хабар дод. 

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  нисбат ба модарону занон эҳтироми амиқу арҷгузории хосса дошта, ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ арҷ мегузоранд.

Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Модар- ин муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан-Модар маҳсуб мешавад. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону занони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд. Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, моро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модаронн арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем.

Гуфта шуд, ки давлати мо дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ягона мамлакате мебошад, ки Консепсияи байналмилалии ҳуқуқҳои сиёсии занонро тасдиқ намудааст. Имрӯз занон баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо самаранок фаъолият доранд. Таҷрибаи имрӯза нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон занон бо дарки бештари масъулият дар корҳои сиёсӣ ва сохторҳои идории ҷумҳурӣ аз уҳдаи вазифаҳои худ ба хубӣ мебароянд.

Дар ҷамъомад аз ҷониби маркази таълимӣ-ҳунармандии донишгоҳ «Чаманоро» либосҳои миллии таҳиянамудаи тарроҳон ба намоиш бароварда шуда, барономаи рангини консертӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва меҳри модар пешкаши иштирокдорон гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии Данғара

Март 7, 2023 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид