ТАЪСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БА ПИРЯХҲО. Дар Душанбе доир ба он конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад

Март 27, 2023 16:51

ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 28 март дар Душанбе таҳти унвони  «Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва аҳамияти қабули эълон намудани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» Конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ доир мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон».

Конференсия тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ доир шуда, дар он мавзуъҳо, аз ҷумла баҳодиҳӣ ба раванди обшавии пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ, муайян намудани роҳҳои асосии ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати ноил шудан ба роҳҳои инноватсионии омӯзиши пиряхҳо дар асоси роҳандозӣ намудани эъломияи панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи баҳодиҳии ҳолати пиряхҳо бо усулҳои бунёдӣ ва роҳҳои коркарди ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмон додани платформа оид ба табодули ахбори илмӣ дар бораи вазъи пиряхҳо ва ҳамзамон кор карда баромадани тадбирҳо оид ба омӯзишу ҳифзи пиряхҳо ва ғайра муҳокима мегарданд.

Олимон усулҳои нав ва муосири омӯзиши криосфера, пиряхҳо ва қабати барфӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва қабатҳои барфӣ, офатҳои табиии марбут ба пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ, қабати барф ва роҳҳои коҳиш додани хисороти бар асари онҳо расонидашавандаро баррасӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки 14 декабри соли 2022 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми глобалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид. Тибқи он соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид.

22 марти соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Штатҳои  Муттаҳидаи Америка дар Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мавриди тазаккур аст, ки конференсияи мазкур ҳамоиши таърихӣ ба шумор меравад, чунки он баъд аз Конфронси якуми СММ оид ба масъалаҳои об дар соли 1977 дар Аргентина бори дуюм доир гардид.

Конференсияро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд омода карда, раисӣ намуданд.

Мояи ифтихор аст, ки Конференсияи сеюми ҷаҳонӣ марбут ба об соли 2028 дар Душанбе баргузор мегардад. Миллати  сулҳхоҳи тоҷик мизбони маъракаи сатҳи ҷаҳоние хоҳад гашт, ки дар он   натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ҷамъбаст хоҳад гашт. Бо боварии комил таъкид кардан ҷоиз аст, ки Тоҷикистон ба ин конфронси байналмилалӣ омодагии ҳаматарафа мебинад ва онро мисли конференсияҳои байналмилалии қаблан дар Тоҷикистон  баргузоршуда дар сатҳи олӣ доир менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 27, 2023 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо баргузор мешаванд
Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 қабул гардид
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Имрӯз ба 120 зан — ғолиби лоиҳаҳо диплом супорида шуд
Дар Тоҷикистон доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Вазирони ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё масоили обу иқлимро баррасӣ намуданд
Табибони тоҷик ду ҷарроҳии мураккаб анҷом доданд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти ҳолатҳои фавқулода баррасӣ намуданд
Хизматчиёни давлатӣ аз Тоҷикистон таҳсилро дар донишгоҳҳои Ҷопон оғоз намуданд
ТИРАМОҲ ФАРО МЕРАСАД. Дар ин фасл кадом бемориҳои мавсимӣ авҷ мегиранд?
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланд оид ба нақши об дар равандҳои глобалӣ таъкид шуд
Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таҷҳизоти нави алоқа ва назорати видеоӣ дастрас гардид
Натиҷа ва тавсияҳои Конфронси оби Душанбе дар омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 нақши муҳим мегузорад