ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Аз 21 то 26 март тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон истироҳат менамоянд

Март 2, 2023 09:11

ДУШАНБЕ, 02.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 26 март тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба таътили баҳорӣ мебароянд ва чоряки сеюми таҳсил ҷамъбаст карда мешавад. Дарс дар мактабҳои мамлакат 27 март оғоз мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, таътили баҳории хонандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 5 рӯз ихтисор мешавад, зеро бо сабаби сардиҳои шадид хонандагон дар зимистони соли равон аз муҳлати муқаррарӣ 8 рӯз бештар истироҳат карданд. Рӯзи 20 март танҳо барои хонандагони синфҳои болоӣ, яъне синфҳои 5 то 11 дарсӣ муқаррар гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки қаблан бар асоси қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона барои хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ва муассисаҳои томактабӣ то 20 январ тамдид шуда буд.

«Бо назардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таътили зимистона то 20 январи соли 2023 тамдид карда шуд», -шарҳ доданд дар ин ниҳод.

Дар давраи таътил ба хонандагон рӯйхати китобҳо барои мутолиа тавсия мешавад.

Таъкид карда шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳамеша корҳои муфид ва барномаҳои тарбиявӣ амалӣ месозад.

Масъулини соҳаи маориф иброз медоранд, ки падару модарон ва роҳбарони синфҳо бояд саёҳат ташкил намуда, бачаҳоро ба тамошои ҷойҳои таърихӣ ва осорхонаҳо баранд. Ҳамчунин роҳбарони синфҳо байни шогирдон сабқатҳои гуногуни шавқовар ороста, бояд оид ба муҳтавои китобҳои хондаашон суҳбат гузаронанд.

Инчунин ба хонандагон тавсия дода мешавад, ки дар давраи таътили баҳорӣ бештар ба мутолиаи асарҳои бадеӣ машғул шуда, дониш ва ҷаҳонбинии маънавии хешро васеъ намоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 2, 2023 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид