Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаҳои Туркия ба 48 ҳазор нафар расид

Март 13, 2023 13:31

ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари заминларзаҳои Туркия тақрибан 48 ҳазор нафар ба ҳалокат расид. Тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи шанбе сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Туркия Юнус Сезар хабар дод.

«Теъдоди умумии ҳалокшудагони заминларза дар айни замон аз миёни шаҳрвандони мо, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус суриягиҳо 47 ҳазору 975 нафарро ташкил медиҳад. Аз инҳо 6 ҳазору 278 нафар шаҳрванди хориҷӣ, асосан шаҳрвандони Сурия мебошанд», — хабар дод ӯ.

Дар минтақаҳои офати табиӣ беш аз 3000 мутахассиси наҷотдиҳанда боқӣ монда, корро идома медиҳанд. «Дар минтақа зилзилаҳои такрорӣ то ҳол идома доранд. Аз ин рӯ, мо гурӯҳҳои наҷотро дар ҳолати омодабош нигоҳ медорем. Тақрибан 300 наҷотдиҳандаи дигар давлатҳо низ дар он ҷо қарор дорад», баён намуд Юнус Сезар. Мувофиқи гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ ҳудуди 16 ҳазор пасларза ба қайд гирифта шудааст, вале шиддати он дар даҳ рӯзи охир коҳиш ёфтааст.

Ӯ ҳамчунин ишора намуд, ки қисми зиёди захираи хаймаҳои ҷаҳонӣ барои ҷойгиркунии маҷруҳон ба Туркия интиқол дода мешавад. Ҳар рӯз аз хориҷи давлат 6 ҳавопаймо бо хаймаҳо  ворид мешавад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 13, 2023 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд