То 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар Роштқалъа 205 иншооти гуногун ба истифода дода мешавад
ХОРУҒ, 26.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 205 иншооти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию тандурустӣ ба истифода дода мешавад. Бинои чорошёнаи Беморхонаи минтақавӣ яке аз сохтмонҳои муҳими соҳаи тандурустӣ дар ин ноҳия ба шумор меравад. Ҳоло бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ корҳои хиштчиниву бетонрезӣ ва арматурбофӣ бо маблағи беш аз 3,5 миллион сомонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ба анҷом расонида шуда, корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи сеюм оғоз ёфтаанд, иттилоъ додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ маблағгузории соҳаро сол аз сол афзоиш дода, баҳри беҳбуди ташхису табобати маризон тадбир меандешад.
Аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи миллии солимии аҳолии ҷумҳурӣ” ва дигар барномаҳои соҳавӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ин самт қабул гардиданд, ки ба пешрафти фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ такони хуб бахшид.
Ин пешравиро табибони ноҳияи Роштқалъа низ хуб эҳсос менамоянд. Бунёди бинои муосири чорошёнаи беморхонаи минтақавӣ дар маркази ноҳия яке чунин дастгириҳои саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Беморхонаи мазкур барои шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ ва дарунӣ пешбинӣ шуда, ошёнаи чорум дар ихтиёри кормандони Маркази кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) гузошта мешавад.
КАТС яке аз воситаҳои пешбаранда ва асосӣ ҷиҳати расидан ба стратегияи солимии ҷомеа ба шумор меравад. Маркази мазкур дар ноҳия бо 27 бунгоҳи тиббию санитарӣ ҳамкорӣ намуда, дар таъмиру навсозӣ ва таъмини ин бунгоҳҳо бо таҷҳизоти муосири тиббию лавозимоти соҳавӣ, адабиёти зарурии тиббӣ кумак мерасонад. Маблағгузории бинои ин беморхонаро Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дошта, корҳои сохтмониро бинокорони ҶДММ «Муқимсохтмон» ва ҶДММ «Бунёд» анҷом медиҳанд.
Ба гуфтаи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 205 иншооти хурду калони иқтисодию иҷтимоӣ дар назар аст, ки дар оянда ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ, коҳиши мизони бекорӣ, вазъи солимии ҷомеа, коҳиши камбизоатӣ, ки ҳадафии ниҳоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, мусоидат хоҳанд кард.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






