5 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ. Намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми XIII иқтисодии ҷавонони Авруосиё ғолиб шуданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми XIII иқтисодии ҷавонони Авруосиё, ки аз 25 то 27 апрел таҳти унвони «Ҷаҳони бисёрқутба дар меҳвари воқеияти нав» дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия баргузор гардид, сазовори 5 ҷойи ифтихорӣ шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.
Аз ҷумла, намояндагони донишгоҳ дар бахшҳои алоҳидаи он сазовори дастовардҳои назаррас гардиданд. Дар озмуни «Роҳҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» устоди факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Умед Муродзода сазвори ҷойи якум, дар озмуни «Амнияти иқтисодӣ аз нигоҳи ҷавонон: таҷрибаи ҷаҳонӣ» ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ Шоҳкарим Шабонов –– ҷои якум, дар самти ҳуқуқ ва тиҷорат: эволютсия ва инноватсия донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ Муҳаммадҷон Иброҳимов сазвори ҷои якум гардиданд. Инчунин дар озмуни «Мушкилот дар услуби Тик-ток» донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ Азиза Мамаҷонова ҷои якум, дар озмуни «Шаҳр: ояндаро кушоед» донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ Снежелана Окилова низ сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Дар Форум 11 ҳазор намояндаи 44 давлат, аз ҷумла Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Перу, Эквадор, Аргентина, Фаронса, Олмон, Венгрия, Чехия, Беларус низ ширкат дошт.
Дар доираи форум баргузории чорабиниҳо дар 7 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуд.
Ҳамзамон имрӯз пахши маҷозии маросими мукофотсупории форум баргузор гардида, дастаи донишҷӯёни донишгоҳ аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода қадрдонӣ карда шуд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид






