ҲАДАФ-АМАЛИЁТИ БОНКӢ. Байни «Амонатбонк» ва «Азер-ТуркБанк» санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азер-Турк Банк»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расонида шуд, ки дар асоси он «Амонатбонк» ва «Азер –Турк Банк» дар оянда ҳамкориро тақвият мебахшанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.
Санади мазкурро дар доираи Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ки 4 апрел дар арафаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, роҳбарони «Амонатбонк» ва «Азер –Турк-Банк» ба имзо расониданд.
Баъди ба имзо расонидани санади мазкур мулоқоти В2В байни роҳбарони «Амонатбонк» ва «Азер-Турк Банк» баргузор карда шуд.
Дар он масоили ҳамкории дуҷониба ва ба роҳ мондани амалиёти бонкӣ, аз қабили кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, ҷойгиркунии шабонарўзӣ (overnight), мубодилаи асъор ва табодули таҷрибаи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин роҳбарони бонкҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҳисоби кормандони дахлдори дастгоҳҳои марказии бонкҳо гурўҳи корӣ таъсис дода, нақшаҳои мазкурро ҳарчи зудтар амалӣ намоянд.
Дар маҷмуъ дар мулоқоти дуҷониба байни «Амонатбонк» ва «Азер-Турк Банк» барои оғози ҳамкории минбаъда заминаи хуб фароҳам оварда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






