Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), ки дар иёлати Гоаи Ҳиндустон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.
Ҷаласа таҳти раёсати Корпоратсияи инфрасохториву молиявии Ҳиндустон ҳамчун раисикунанда ва бо иштироки роҳбарони бонкҳои аъзо доир гардид. Дар он беш аз 5 масъалаи муҳим дар самтҳои бонкдорӣ, сармоягузории мустақим байни бонкҳои аъзои Иттиҳод, табодули таҷриба ва маблағгузории савдо ҷиҳати рушди гардиши молу маҳсулот байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасии роҳбарони бонкҳо қарор дода шуд.
Дар интиҳои ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби раисони бонкҳои аъзо протокол ба имзо расид, ки имкон медиҳад фаъолияти молиявии бонкҳои аъзои Иттиҳод боз ҳам ҷоннок карда шуда, ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногун густариш ёбад.
Ҳамзамон интизор меравад, ки ҳайати расмии «Амонатбонк» дар доираи ҷаласаи Иттиҳоди байнибонкӣ бо як зумра роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоту суҳбатҳои судманди дуҷониба анҷом диҳад.
АКС: «Амонатбонк»








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






