Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Самарқанд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 апрел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Самарқанд дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷории Иттиҳод табодули афкор намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба дурнамои ҳамкорӣ дар доираи ИДМ бо назардошти Консепсияи рушди минбаъдаи Созмон муаррифӣ намуд.
Аз натиҷаи ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ИДМ-ро оид ба ҷараёни татбиқи Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳаи вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар соли 2022 тасдиқ намуда, бо маълумот дар бораи иҷрои Барномаи амал оид ба тақвияти ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори ИДМ шинос шуданд.
Зимнан Низомнома дар бораи мусобиқаҳои оммавии кишварҳои ИДМ байни кӯдакони дорои имконияти маҳдуди саломатӣ низ тасдиқ гардида, қарорҳо дар бораи ба ҳайси пойтахтҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ҷавонони ИДМ эълон намудани якчанд шаҳрҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳод қабул карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






