Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 27.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон таъсис меёбад. Ин иқдом дирӯз, 26 апрел зимни баргузории Форуми ҷавонон дар мавзуи «Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ», ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат пешниҳод шуд.
Ҳадафи таъсиси Ассотсиатсия- ин муттаҳид сохтани блогерони ҷавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар шабакаҳои интернетӣ мебошад.
Ассотсиатсия имкон фароҳам меорад, ки тамоми паҳлуҳои фаъолияти блогерон дар асоси қонун ба роҳ монда шуда, ҳамзамон ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя карда шавад.
Ҳамзамон дар ҷараёни форум аз блогерон даъват ба амал оварда шуд, ки ба Ассотсиатсия аъзо шуда, забони давлатиро риоя намуда, урфу одатҳои миллӣ ва мавзеъҳои таърихиву сайёҳиро дар саҳифаҳои худ ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Бо дастгирии ин иқдом блогерони ҷавон иброз доштанд, ки тамоми саъю кӯшиши худро баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои дар пешгузошта ба хотири амнияти Ватан ва тарғиби дастовардҳои рӯзафзуни он равона месозанд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷавонон дар мавзуи «Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ» аз 26 то 30 апрел дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистон баргузор гардида, дар доираи он зиёда аз 60 ҷавони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихии минтақа ва дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, онҳоро тавассути саҳифаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ менамоянд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






