Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ бо технологияи муосири иттилоотӣ таъмин гардид

Апрель 16, 2023 11:38

ДУШАНБЕ, 16.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ бо таҷҳизоти муосири иттилоотӣ таъмин карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Баробари насби таҷҳизоти иттилоотӣ дар беморхона табибон метавонанд минбаъд онлайн-машварат ва табодули ҳамкорӣ бо дигар беморхонаҳои ҷумҳуриро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Таҷҳизоти иттилоотӣ бо мақсади рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, беҳтар намудани хизматрасонии рақамии давлатӣ, инчунин афзоиши самаранокии пешниҳоди хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар доираи кумакҳои башардӯстонаи шарикони рушд дастрас карда шудааст.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Апрель 16, 2023 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд