БО САРИ БАЛАНД — БА ҲИФЗИ ВАТАН! Бо ин шиор модарони Файзобод фарзандонашонро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд

Апрель 3, 2023 19:58

ФАЙЗОБОД, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Файзобод маъракаи Рӯзи даъватшаванда бо шукуҳи хосса баргузор гардида, дар он зиёда аз 40 ҷавони синни даъватӣ бо дуои неки падару модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардид.  Дар ин хусус масъулини  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  иттилоъ доданд.

Роҳбарияти ноҳияи Файзобод дар ҷамъомад ба даъватшавандагон муроҷиат намуда, гуфтанд, ки «хизмат кардан ба Ватан — Модар бояд барои ҳар ҷавон ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм онро эҳтиёт намудан қарзи фарзандии ҷавонмард аст.  Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт ва ҷасорати мардонагӣ мебошад. Хушбахтона, бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё шуда, дар ҳамаи воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд».

Хурсандиовараст, ки имсол аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Вазорати мудофиа 25 ҷавони синни даъватӣ курси ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа» – ро  хатм намуда, ҳамчун мутахассис ба артиши миллӣ равона  гардид.


Моҳпарӣ Файзуллоева, модари яке аз навдаъватон аз зиёд шудани теъдоди ҷавонони ватандӯст изҳори хушҳолӣ карда, гуфт, ки «солҳои охир зиёд гардидани шумораи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, шоистаи таҳсин аст. Яъне, ҷавонон бо камоли ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ омодаи хизматанд. Онҳо ба хубӣ дарк кардаанд, ки ҳимояи марзу буми Ватан қарзи фарзандӣ ва мояи ифтихори ҳар ҷавонмард аст».

Дар маросим сарбози Артиши миллӣ  Файзулло Самиев, ки ҳоло хизмати ватанро бо сари баланд  адо намуда истодааст, иброз дошт, ки «Сарвари давлат ба неруи созанда ва бузурги ҷавонони саодатманд ва ҳимоятгарони хоки аҷдодӣ бовар дошта, амнияту субот ва пешрафту шукуфоии мамлакатро дар ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва бозувони қавии мо, ҷавонон мебинанд. Мо бояд ба ин боварии Пешвои миллат сазовор гардида, қарзи шаҳрвандии худро бо сари баланд дар назди Модар – Ватан адо намоем».

Дар анҷоми маъракаи гусел модарони аскарбачагон маросими кулчагазон доир намуда, зимни барномаи консертии  ҳунармандон  бо фарзандонашон хушҳолӣ карданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод

Апрель 3, 2023 19:58

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон