ЧУН ОБ МУСАФФО ВА ЧУН НАВРӮЗ ПУРШУКУҲ. Президенти Тоҷикистон нисбат ба ҳифзи табиат ва маросиму суннатҳои волои миллиямон муҳаббати баланд доранд

Апрель 1, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мояи сарбаландиву сарфарозии мост, ки дар чанд соли охир ташаббусу иқдом ва пешниҳодҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи гарму самимона ёфта, Сарвари давлати Тоҷикистон  дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун чеҳраи дурахшони сиёсӣ ва поягузори дипломатияи об дар ҷаҳони муосир пазируфта шудаанд. Маҳз иқдоми Пешвои миллати мо буд, ки СММ солҳои охир дар мавриди мушкили оби тоза нуҳ қарору барнома қабул намуд ва панҷ  пешниҳоду ташаббуси Пешвои миллати мо мавриди амал қарор гирифт. Дар ин бора Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло ибрози андеша намудааст.

— Конфронси оби СММ-2023, ки 22-24 моҳи март таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр дар Ню Йорк баргузор гардид, низ аз ҷумлаи самараҳои иқдомоти Пешвои миллати мо аст.

Дар чорабинии канории  “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии  пиряхҳо”, ки бо ташаббуси  Тоҷикистон  дар  доираи  Конфронси оби СММ баргузор карда шуд,  Дабири кулли СММ  Антонио Гуттерриш,  Президенти Боливия Луис Аберто Арое, Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас, директори  генералии  Агентии байналхалқӣ оид ба неруи ҳастаӣ Мариано Гросси, директори  генералии  Иттифоқи  байналхалқии  ҳифзи табиат Бруно Оберлӣ ва муовини  директори ЮНЕСКО Син Тсюя  иштирок ва суханронӣ карданд, ки ин ҳама арҷгузорӣ  ва эҳтиром ба шахсият ва иқдомоти Сарвари тоҷикон аст. Бешубҳа,  ин конфронси бо ташаббуси Президенти мо баргузоршуда ба ҳалли буҳрони об ва беҳдошт  дар сайёра  мусоидат менамояд.

Аз хуҷастагиҳо ва аҳамияти байналмилалии ин конфронс  олимону муҳаққиқони бисёр сухан карданду сухан хоҳанд кард. Чорабинӣ дар Ню Йорк қадами аввал дар роҳи татбиқи  қатъномаи  нави СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба шумор меравад. Президенти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки ҳадафи чорабинӣ, пеш аз ҳама,  муттаҳид сохтани талошҳои ҷонибҳои гуногун барои  муваффақ ва натиҷабахш гардонидани ин ташаббус мебошад. Ин ҳамоиш ҳамчунин  барои таҳияи уҳдадориҳои  муштараки ҷонибҳо оид ба мавзуъ ва сабти он дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об ҳамчун саҳми муносиб доир ба натиҷаҳои Конфронси таърихӣ хизмат хоҳад кард.

Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ  таъкид карданд, ки  ҳадафи пешниҳоди эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷалби  таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид  сохтани талошҳо барои андешидани тадбирҳои қатъӣ ҷиҳати ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад. Ин ки бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон ва тибқи қатъномаи СММ  Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2025 мизбони  Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо  хоҳад буд, худ гувоҳи нақши бузург ва обрӯи байналмилалии Тоҷикистон ва фаъолияти хастагинопазиронаи Сарвари  муҳтарами он  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин масъалаи мубрами ҷаҳонӣ ва мушкили башарият мебошад.

Президенти муҳтарами мо бо итминон  изҳор доштанд, ки талошҳои якҷояи кишварҳову созмонҳо дар ин самт самараи дилхоҳ  хоҳад дод ва мо соли 2025 дар Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ  бахшида ба ҳифзи пиряхҳо  дар ҳалли  ин масъалаи муҳим метавонем таҳаввулоти ҷиддиро амалӣ  гардонем.

Аммо шахсан барои ман ифтихоромез он ҷиҳат аст, ки Пешвои миллати мо чун ҳамеша дар ҳама амалу гуфтору рафтори худ падида ва намунаи дурахшони ватандӯстиву миллатпарастӣ нишон медиҳанд. Ва ин падида,  ки зимни сафари Пешвои миллатамон дар Ню Йорк  дар доираи  Конфронси оби СММ -2023, хосса чорабинии “Об ва Наврӯз-ду сарчашмаи  ҳаёти башар»  тарҳрезӣ гардиду ба барнома  ворид ва барпо карда шуд, бори дигар гувоҳи муҳаббати баланди ватандӯстонаи Президенти  Тоҷикистон нисбат ба маросиму суннатҳои волои миллии халқамон ва ҳифзи табиат мебошад, ки онро суханронии дурахшону мазмунан зебои Сарвари давлати мо ҳусну  шукуҳи хосса бубахшид. Ин падида гувоҳи он аст, ки Пешвои миллати мо ҳамеша ва дар ҳама ҷо сиришти чун об мусаффо ва чун Наврӯз  пуршукуҳ бо худ доранд.

Бубинед, оё дар ин суханронии Пешвои миллатамон, ки саросар бӯи муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ мекунад, оё метавон ифтихори ватандӯстонаи Пешвои миллатамонро эҳсос накарду нодида гирифт!?

Чанд ҷумла аз ин нутқи самимонаву донишмандона:  “Бино ба таълимоти Авасто, дар айёми Наврӯз эҳёи ҳаёт ва табиат дар шаш унсур, яъне: осмон, замин, об, наботот, ҳайвонот ва инсон  зоҳир мегардад. Аз ҷумлаи онҳо, хусусан  об- манбаи  барқарории ҳаёт ва идомаи  он, рамзи покизагиву  ободӣ, файзу  баракат ва саодату нишот мебошад.

Аз ин сабаб одамон дар замонҳои қадим дар арафа  ва рӯзҳои Наврӯз ҷӯю  наҳрҳоро тоза мекарданд, обҳоро меполиданд ва дар зарфҳои азим оби ошомиданӣ захира намуда, мутобиқ ба захираҳои об  нақшаҳои кишоварзӣ ва дигар корҳои хоҷагидориро тарҳрезӣ менамуданд.”

Бояд гуфт, ки дар ин раванд мусоҳибаи  Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  хабарнигори  телевизиони СММ Шакунтала Санзиран доир ба иқдомҳои пайвастаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва интизориҳо аз натиҷаҳои Конфронси оби СММ-2023 хеле ҷолиб буда, дар он Пешвои миллати мо бори дигар андешаҳои худро чун мутахассиси варзида  дар ин масъалаи мубрами ҷаҳонӣ ва роҳҳои солими муносибат ба он хеле равшану возеҳ баён доштанд. Пешвои миллати мо зимни ин мусоҳиба то куҷо замонавӣ ва пураҳамият будани  ҳалли масъалаи обу иқлимро  хотирнишон сохта, аз хусуси  таъмини  омилҳои гуногун дар мавриди кам шудани оби тозаи ошомиданӣ дар саросари дунё ва таъсири он омилҳое, ки ба ин сабаб шудаанд, сухан ронданд.

Сарвари давлати мо таъкид карданд, ки ҷиҳати ҳифзи муҳимтарин манбаи ҳаёт- захираҳои об  бояд дар асоси таҳқиқу омӯзиш  роҳҳо ва усулҳои тозаву навро дарёфт  ва истифода бурд. Ва барои ин фаъолияти  самараноки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳар узви он ногузир хоҳад буд.

Таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон аллакай бо ташаббуси панҷуми худ дар мавриди  пешгирии обшавии  пиряхҳо иқдом зоҳир кард ва ин иқдоми навбатӣ аз ҷониби СММ пазируфта шуд. Тибқи он  соли 2025  Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии  ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.

Даъвати Президенти Тоҷикистон дар хусуси он ки “бо назардошти алоқамандии зичи об бо дигар ҳадафҳои  рушди устувор об бояд  дар дигар рӯзномаҳои ҷаҳонӣ ва ҷамъомадҳои сатҳи баланд ҳамгиро карда шавад”, ҳамагонро барои боз ҳам фаъолтар шудану пурсамар гардонидани фаъолият дар ин соҳа ҷалб  менамояд.

Мояи ифтихору сарбаландии мост, ки Сарвари башардӯсти мо тавассути ташаббусҳои наҷибу инсондӯстонаи худашон дар арсаи ҷаҳонӣ дар баробари гузоштану бардоштани масъалаҳои тақдирсози башарӣ бо сиришти хайрхоҳонаи худ  хилқати нек ва сиришти инсонпарваронаи миллати моро ба тамоми ҷаҳониён ҷилвагар гардонидаанд. Сиришти воқеан мисли оби зулоли табиати биҳиштосои мо поку манфиатоваре, ки намунаи ибрат  дар ҷодаҳои хайрхоҳиву башардӯстист. Мо ба Сарвари ватандӯстамон, ки ба  ҳама иқлимҳои ҷаҳон чун обҳои зулоли диёр накҳату файзу фар мебаранду  чун Наврӯзи хуҷастапайи ниёкон файзу баракат ва якдидию сулҳу дӯстӣ меоваранд, дар ин рӯзҳои наврӯзӣ умри об ва шукӯҳи Наврӯзро таманно дорем!

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми оби Душанбе баргузор гардид