ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар ҳалли ин масъала нақши муҳим дорад
ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо обшавии босуръати пиряхҳо ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Омӯзиш, мониторинг ва истифодаи технологияҳои муосир барои ҳифзи пиряхҳо хеле зарур мебошад. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ низ дар ҳалли ин масъала нақши муҳим дорад. Доир ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини директори Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Вайсиддин Саидзода суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: Имрӯз вазъи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мегардад?
Вайсиддин САИДЗОДА: Тоҷикистон ҳамчун мамлакат кӯҳсор дорои захираҳои бузурги пиряхҳо маҳсуб ёфта, масоҳати умумии онҳо беш аз 8000 км² -ро ташкил медиҳанд. Пиряхҳои бузургтарини ҳудуди Тоҷикистон – ин пиряхи Ванҷях (646 км2), пиряхи Грум – Грижимайло (147 км2), пиряхи Хамях (197 км2), пиряхи Гармо (121 км2), пиряхи Зарафшон (92 км2) ва пиряхи Кашолаях (64.4 км2) мебошанд.
Тавре мушоҳида мегардад, тағйирёбии глобалии иқлим таъсири манфии худро ба манбаъҳои обии давлат ва пиряхҳои он низ мегузорад. Тайи даҳсолаҳои охир обшавии босуръати пиряхҳои минтақа ва ҷаҳон бараъло мушоҳида мешавад, ки дар умум барои сокинони сайёра ташвишовар боқӣ мондааст.
Пиряхҳои Тоҷикистон як ҷузъи муҳими криосфера буда, дар ташаккули тавозуни обӣ, иқлимии минтақа нақши калидӣ доранд. Ин пиряхҳо сарчашмаи асосии ғизодиҳии дарёҳои сарҳадӣ буда, то 60–70% ҷараёни обро дар мавсими тобистон таъмин мекунанд. Аз ҷиҳати илмӣ, пиряхҳо ҳамчун индикаторҳои ҳассоси тағйирёбии иқлим хизмат мекунанд, зеро ҳар гуна тағйирот дар ҳарорат ва боришот фавран дар динамикаи онҳо инъикос меёбад. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки дар даҳсолаҳои охир коҳиши масоҳат ва ғафсии пиряхҳо ба қайд гирифта шудааст, ки метавонад ба ноустувории гидрологии минтақа оварда расонад.
Барои мисол метавон ёдовар шуд, ки дар натиҷаи экспедидсияҳои байналмилаӣ дар солҳои охир муайян карда шуд, ки раванди обшавии босуръат ва коҳишёбӣ дар калонтарин пиряхи хушкӣ — пиряхи Тоҷикистон -Ванҷях (Федченко) ҷой дорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар 70-80 соли охир масоҳати ин пирях ба андозаи 44 км2 кам шуда, ақибнишии забонаи он ба 16м дар солро ташкил медиҳад. Системаи пиряхи Тоҷикистон — Ванҷях қариб ҳамаи шохобҳои хурду паҳлуии худро аз даст дода, массаи асосии пиряхҳои онҳо тадриҷан кам шуд. Чунин раванди обшавии босуръат дар дигар пиряхҳои хурду бузурги ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба назар расида, хатари аз байн рафтани онҳоро меафзояд.
АМИТ «Ховар»: Пиряхҳо дар ташаккул ва ҳифзи захираҳои обии минтақа чӣ нақш доранд?
Вайсиддин САИДЗОДА: Пиряхҳо ҳамчун обанборҳои табиӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ муҳимтарин манбаи асосии оби ширин ба шумор рафта, дар ташаккули захираҳои обии минтақа саҳми назаррас доранд. Манбаи асосии ғизогирии аксари дарёҳои мамлакат маҳз пиряхҳо ба ҳисоб рафта, дар нигоҳ доштани мувозинати гидрологии дарёҳо нақши калидӣ доранд. Оби аз барф, пиряхҳо ва яхбандии доимӣ тавлидёфта тақрибан 80% ҷараёни умумии дарёҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳад. Ду дарёҳои азими сарҳадгузари минтақа – Амударё ва Сирдарё ҳудуди мамлакати моро низ убур карда мегузаранд ва шарёни асосии обии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал ба ҳисоб мераванд.
Коршиносон тахмин мекунанд, ки то соли 2050 дар натиҷаи баланд шудани ҳарорат ҳаво, аз байн рафтани пиряхҳо ва яхбандии доимӣ, афзоиши бухоршавӣ ва коҳиш ёфтани ҷараёни обҳои рӯизаминӣ, ҷараёни Амударё метавонад 7-15% ва Сирдарё 5% кам шавад.
Камшавии пиряхҳо ба дастрасии об дар дарёҳои Осиёи Марказӣ таъсири назаррас мерасонад. Бо сабаби афзоиши обшавии пиряхҳо ва яхбандии доимӣ дар моҳҳои фасли тобистон интизор меравад, ки дар муддати кутоҳ афзоиши ночизи ҷараёни об мушоҳида шавад. Аммо минбаъд ҷараёни об коҳиш ёфта, баъзе пиряхҳо нопадид мешаванд.
АМИТ «Ховар» Ба назари Шумо омилҳои асосии коҳишёбии пиряхҳо кадомҳоянд ва тағйирёбии иқлим ба ин раванд чӣ гуна таъсир мерасонад?
Вайсиддин САИДЗОДА: Омилҳои асосии коҳишёбии пиряхҳо, пеш аз ҳама афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ва ифлосшавии ҳавои атмосфера, омилҳои техногенӣ ва антропогенӣ, ки дар умум ба балоравии ҳарорат оварда мерасонанд, ба ҳисоб мераванд. Ворид гардидани чангу ғубор ва намакҳо ба минтақаҳои ҷойгиршавии пиряхҳои Тоҷикистон аз ҳисоби фоҷиаи баҳри Арал, биёбоншавии мавзеи хушкидаи он низ ба обшавӣ ва коҳиш ёфтани пиряхҳои хурду бузург таъсири манфӣ мегузорад.
Нест кардани ҷангалзор дар манотиқи кӯҳӣ, вайрон шудани мувозинати иқлимӣ ва экосистемавӣ махсусан дар шароити тағйирёбии иқлим бо коҳишёбии пиряхҳо мусоидат менамоянд. Тағйирёбии иқлим бошад дар навбати худ ба обшавии босуръати пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, обхезиҳо, таҳдид ба ҳаёти одамон дар минтақаҳо ва давлатҳоро дорад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки пиряхҳо дар муътадил нигоҳ доштани муҳити экологӣ, экосистема ва рушди устувор аҳамияти хоса доранд.
АМИТ «Ховар»: Обшавии босуръати пиряхҳо ба иқтисоди мамлакат чӣ таъсир расонида метавонад?
Вайсиддин САИДЗОДА: Обшавии босуръати пиряхҳо ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат таъсири амиқ ва бисёрҷониба расонида, метавонад боиси чолишҳои стратегӣ гардад. Ин раванд на танҳо ба муҳити зист, балки ба пояҳои асосии иқтисодиёт — энергетика, кишоварзӣ ва амнияти иҷтимоӣ таҳдид мекунад.
Ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон системаи экологии беназир буда, ҳифз ва нигоҳдошти онҳо бояд бечунучаро таъмин карда шавад. Пиряхҳо ва манбаъҳои барфу ях бошанд яке аз унсурҳои муҳими ин система ба шумор мераванд ва ҳифзи онҳо аз таназзулёбӣ дар раванди тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои мубрами рӯз аст.
Мaвофиқи сарчашмаҳои иттилоотӣ, мaйдони пиряхпуши кӯҳҳои Оcиёи Мaркaзӣ қaриб 17 ҳaзор км2 –ро тaшкил медиҳaд, ки зиёдa aз 60 % он дaр Тоҷикиcтон ҷойгир acт.
Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2025 ба иқтисоди давлат дар ҳаҷми 25 миллион сомонӣ ва соли 2024 дар ҳаҷми 165 миллион сомонӣ аз офатҳои табиӣ зарар ворид шудааст.
Инчунин ҳамасола рахна шудани кӯлҳои пиряхии пиряхи Саид Нафисӣ дар ноҳияи Лахш роҳи автомобилгарди байналмилалиро хароб карда, хисороти молиявӣ мерасонад.
Нaтиҷaи тaдқиқоти биcёрcолaи олимон вa коршиноcони cоҳa нишон медиҳaнд, ки беш aз 25% дaрcaди мaнбaъҳои обии ҷумҳурӣ aз ҳиcоби пиряхҳои дaр минтaқaҳои кӯҳcор мaвҷудбудa тaшaккул меёбaнд.
Амударё кaлонтaрин дaрё дaр минтaқa бaҳиcоб рaфтa, мacоҳaти ҳaвзaи он 199350 км2, дaрозиaш 2294 км вa мaҷрои cолонaи он 8,46 км3 ҳиcоб кaрдa шудaacт. Захираи оби Амударё дар мавҷудият ва рушди доимии соҳаҳои ҳоҷагидории аҳоле, ки дар ҳавзаи он сокин шудаанд ба монанди соҳаи растанипарварӣ, чорводорӣ гидроэнергетика ва саноати хурокворӣ таъсири зиёд мегузорад. Дaр минтaқaи Оcиёи Мaркaзӣ аз ҷиҳати бузургии ҳаҷми об Cирдарё дуюмин бaҳиcоб меравад, ки аз рӯи маълумоти мавҷуда мacоҳaти ҳавзаи он 150100 км2 мебошад ва сарчашмаи асосии он пиряхҳо мебошад.
АМИТ «Ховар»: Пиряхҳо дар танзими иқлим ва нигоҳдории гуногунии биологӣ чӣ нақш доранд?
Вайсиддин САИДЗОДА: Пиряхҳо яке аз унсурҳои муҳими криосфера ба ҳисоб рафта, барои муҳити зист ва ҳаёти инсон аҳамияти бисёрҷониба доранд. Дар бисёр минтақаҳои кӯҳӣ ва ҳатто водиҳои поёноб, махсусан дар давлатҳое чун Тоҷикистон, қисми зиёди оби дарёҳо маҳз аз обшавии пиряхҳо таъмин мешавад. Ин об на танҳо барои нӯшидан, балки барои соҳаи кишоварзӣ, истеҳсоли неруи барқ ва таъмини экосистемаҳо ҳаётан муҳим мебошад. Дар фаслҳои гарми сол, вақте ки боришот кам мешавад, маҳз пиряхҳо ба нигоҳ доштани ҷараёни устувори дарёҳо мусоидат мекунанд.
Илова бар ин, пиряхҳо дар танзими иқлим нақши муҳим мебозанд. Сатҳи онҳо қобилияти баланд инъикос кардани шуоъҳои офтобро дорад, ки онро дар илми иқлимшиносӣ «албедо» меноманд. Ба туфайли ин хусусият, пиряхҳо ба паст нигоҳ доштани ҳарорати умумии Замин мусоидат мекунанд. Кам шудани масоҳати пиряхҳо боиси зиёд шудани гармшавии сатҳи замин мегардад, зеро сатҳҳои ториктар (санг, хок) гармиро бештар ҷаббида мегирад.
Пиряхҳо ҳамчунин як навъ «анбори табиии об» мебошанд, ки обро дар шакли ях барои муддати дароз нигоҳ медоранд ва тадриҷан онро озод мекунанд. Ин раванд барои устувории низоми гидрологӣ бисёр муҳим аст, зеро он аз тағйироти шадиди сатҳи об дар дарёҳо пешгирӣ мекунад. Агар пиряхҳо босуръат об шаванд, дар аввал метавонад ҳаҷми об зиёд гардад, аммо дар муддати дароз боиси кам шудани захираҳои обӣ мегардад.
Аз ҷиҳати экологӣ пиряхҳо ба нигоҳдории гуногунии биологӣ низ таъсир мерасонанд. Обе, ки аз онҳо ҷорӣ мешавад, муҳити зисти бисёр намудҳои набототу ҳайвонотро таъмин мекунад. Бисёр экосистемаҳои кӯҳӣ ва дарёӣ маҳз ба мавҷудияти оби пиряхӣ вобастаанд. Ғайр аз ин, пиряхҳо ҳамчун нишондиҳандаи муҳим барои арзёбии тағйирёбии иқлим хизмат мекунанд. Тағйироти ҳаҷм ва масоҳати онҳо ба олимон имкон медиҳад, ки равандҳои глобалии гармшавиро беҳтар дарк намоянд.
Дар баробари ин пиряхҳо ба амнияти экологӣ низ таъсир доранд. Обшавии босуръати онҳо метавонад боиси пайдоиши кӯлҳои пиряхӣ ва зиёд шудани хатари селу обхезӣ гардад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо на танҳо масъалаи илмӣ, балки масъалаи муҳими амнияти экологӣ ва рушди устувори кишварҳо мебошад
АМИТ «Ховар»: Ба назари Шумо, истифодаи технологияҳои муосир дар омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо то чӣ андоза муҳим мебошад?
Вайсиддин САИДЗОДА: Дар илми муосири омӯзиши пиряхҳо (глятсиология) истифодаи технологияҳои зондиронии фосилавӣ (усули омӯзиши табиат аз масофа) ва моделсозии рақамӣ нақши асосӣ дорад. Аз ҷумла, маълумоти моҳвораҳои «Landsat», «Sentinel-1» ва «Sentinel-2» барои муайян кардани масоҳат, динамика ва тағйироти сарҳадҳои пиряхҳо васеъ истифода мешаванд. Инчунин барои коркарди ин маълумот бо барномаҳои махсус – «ArcGIS», «QGIS» ва «Google Earth Engine» кор карда мешавад. Дар самти моделсозӣ моделҳои гидрологӣ ва пиряхӣ бошад – «SPHY», «SMB», «SWAT» ва дигар моделҳо васеъ татбиқ мегарданд. Дар натиҷа олимон метавонанд маълумот дар бораи тағйироти масоҳат, ҳаҷм, тавозуни масса ва саҳми пиряхҳо дар ҷараёни дарёҳоро ба даст оранд. Ин маълумот барои пешгӯии захираҳои обӣ, банақшагирии энергетика ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ зарур мебошад.
АМИТ «Ховар»: Нақш ва фаъолияти Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера дар самти таҳқиқ, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо аз чӣ иборат аст?
Вайсиддин САИДЗОДА: Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти омӯзиши криосфера аз ҷумла пиряхҳо, бо истифода аз технологияҳои муосир дар самти геокриология, глятсиология, геологияи муҳандисӣ, гидрогеология, гидрометеорология, геоэкология, тањияи системаи баруйхатгирии пиряхњо, омӯзиши ва мониторинги онҳо ҳамчун манбаҳои асосии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Дар заминаи институт базаи ягонаи онлайнии пиряхҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки маълумоти мукаммал оид ба ҷойгиршавӣ, масоҳат, динамика ва ҳолати ҳар як пиряхро дар бар мегирад. Ин база ҳамчун воситаи муҳими таҳлилӣ барои олимон ва ниҳодҳои давлатӣ хизмат мекунад.
Институт ҳамчунин моделсозии пиряхи Зулмартро анҷом дода, равандҳои тағйирёбии ҳаҷм ва динамикаи онро дар шароити гуногуни иқлимӣ таҳлил намудааст. Ҳамзамон моделсозии гидрологии ҳавзаи дарёи Ванҷ амалӣ гардида, сенарияҳои гуногуни тағйирёбии ҷараёни об дар оянда пешгӯӣ шудаанд. Ин таҳқиқот барои идоракунии устувори захираҳои обӣ ва пешгирии хатари обхезиҳо аҳамияти амалӣ доранд.
Дастовардҳои дигари институтин таҳияи харитаҳои рақамии пиряхҳо, ташкили мониторинги доимӣ бо истифода аз технологияҳои моҳворавӣ, иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос мебошад. Ин муассиса дар баланд бардоштани маърифати илмии ҷомеа ва пешниҳоди маълумоти илмӣ-оммавӣ нақши муҳим мебозад.
АМИТ «Ховар»: Ҳамасола барои омӯзиши ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон чанд экспедитсия анҷом дода мешавад?
Вайсиддин САИДЗОДА: Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши ҳолати пиряхҳо як қатор экспедитсияҳои илмӣ ва саҳроӣ ташкил карда мешаванд. Шумораи онҳо вобаста ба имкониятҳои молиявӣ, барномаҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои байналмилалӣ метавонад каме тағйир ёбад. Бо вуҷуди ин дар солҳои охир зиёд шудани чунин тадқиқот мушоҳида мегардад. Одатан, дар як сол танҳо аз ҷониби Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беш аз 15 экспедитсия махсус ба омӯзиши пиряхҳо равона карда мешаванд. Агар тамоми корҳои саҳроӣ, аз ҷумла таҳқиқоти вобаста ба кӯлҳои пиряхӣ, мониторинги хавфҳои табиӣ ва ченкуниҳои гидрометеорологӣ ба ҳисоб гирифта шаванд, ин рақам метавонад боз ҳам бештар гардад.
Ин экспедитсияҳо асосан аз ҷониби олимону мутахассисони Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо ва шарикони байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд. Дар ҷараёни чунин тадқиқот олимон ба минтақаҳои баландкӯҳ сафар намуда, параметрҳои муҳими пиряхҳоро, аз қабили масоҳат, ғафсӣ, суръати ҳаракат, тавозуни масса ва сатҳи обшавиро таҳқиқ мекунанд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба динамикаи пиряхҳо дода мешавад, зеро Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои дорои захираҳои бузурги обии пиряхӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Дар доираи чунин сафарҳои илмӣ инчунин мониторинги кӯлҳои пиряхӣ барои пешгирии хатари селу обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ анҷом дода мешавад. Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки гузаронидани беш аз 15 экспедитсия дар як сол нишон медиҳад, ки омӯзиши пиряхҳо дар Тоҷикистон ба таври системавӣ ва дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, яке аз самтҳои муҳими илмӣ ва амниятии давлат ба ҳисоб меравад.
АМИТ «Ховар»: Чӣ гуна метавон сатҳи маърифати экологии аҳолиро вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об баланд бардошт?
Вайсиддин САИДЗОДА: Барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, пеш аз ҳама зарур аст, ки тарзи расонидани иттилоот аз шакли расмӣ ба шакли содда ва таъсирбахш табдил дода шавад. Ин раванд бояд аз тарбияи кӯдакон дар оила ва боғча оғоз ёфта, тавассути ворид намудани мавзуъҳои ҷолиб дар бораи табиат бо барномаҳои таълимӣ идома ёбад. Зеро ҳангоме ки насли наврас оид ба пиряхҳо маълумот пайдо мекунанд, пиряхҳоро на танҳо ҳамчун ях, балки ҳамчун омили асосии ҳаёти инсоният дарк мекунанд.
Дар ин самт бо истифодаи васеъи шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори омма нақши калидӣ дорад. Паҳн кардани видеоҳои кӯтоҳи муқоисавӣ дар бораи ҳолати имрӯза ва гузаштаи онҳо метавонад ҳисси масъулияти шаҳрвандонро бедор кунад. Ҳамзамон ҷалби олимони соҳавӣ ва фаъолони ҷомеа дар маъракаҳои тарғиботӣ метавонад ба ташаккули фарҳанги сарфаи об ва пешгирӣ аз ифлосшавии муҳити зист мусоидат намояд.
Дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ, гузаронидани аксияҳои амалӣ, ба монанди ҳашарҳои дастаҷамъона барои тоза кардани соҳилҳои дарёҳо ва ташкили экспедитсияҳои омӯзишӣ ба минтақаҳои кӯҳӣ имкон медиҳад, ки мардум оқибатҳои тағйирёбии иқлимро бо чашми худ бубинанд. Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири обёрии қатрагӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳавасмандгардонии иқтисодии онҳое, ки захираҳои табииро эҳтиёт мекунанд, замина мегузорад, ки ҳифзи пиряхҳо ба як арзиши ҳаётии ҳар як фард табдил ёбад.
Мусоҳиб Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/ аз муаллиф








КИБЕРТЕРРОРИЗМ. Кибертеррорист метавонад дар як канори олам нишаста, тамоми ахбори шабакаи ҷаҳонии интернетро харобу суиистифода кунад
Раҳмон Исломиддин: «Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба обу иқлим ба ҳалли мушкилоти аҳли башар мусоидат менамоянд»
ЗАРФИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ УСТУВОР. Ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад
«ЗАМИН ХОНАИ ЯГОНАИ МОСТ – ОНРО ДӮСТ ДОРЕМ! ». Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии Замин
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ниҳоди мафкурасоз ва таҳкимбахши худшиносии миллӣ
АНОРПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон 2026 гектар боғи мевадиҳандаи анор мавҷуд аст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — АСОСГУЗОРИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН. Ҳифзи пиряхҳо барои амният, шукуфоӣ ва адолат муҳим аст
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд






