Дар Бадахшон корҳои хуррамгардонӣ вусъати тоза меёбанд

Апрель 5, 2023 16:46

ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имсол дар баробари дарахти бед инчунин шинондани ниҳолҳои хучу ангат низ ба нақша гирифта шудааст. Ин нукта дар ҷаласаи ғайринавбатии назди роҳбарияти вилоят бо иштироки сохторҳои аграрӣ зимни масъалаи вусъат бахшидани корҳои сабзу хуррамгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Таъкид шуд, ки бо мусоид омадани боду ҳаво аллакай корҳои сабзу хуррамгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷалби сохторҳои масъул вусъати рӯзафзун пайдо намудааст.

Дар ин замина соли гузашта бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нахустин бор дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб шинондани ниҳол ба роҳ монда шуд, ки имрӯз аксарияти ниҳолҳои шинонида нашъунамои хуб доранд.

Ҳамчунин дар ин замина ба таври таҷрибавӣ парвариши картошка дар заминҳои ноҳия ба роҳ монда мешавад.

Роҳбари вилоят ба сохторҳои масъул бобати тезонидани ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу хуррамгардонӣ супоришҳои иловагӣ дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Апрель 5, 2023 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад