Дар деҳаи Кӯҳандиёри ноҳияи Фархор коргоҳи истеҳсоли орд ба истифода дода шуд
ФАРХОР, 30.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Кўҳандиёри Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор коргоҳи коркарди шолӣ ва бастубанди биринҷ, истеҳсоли орди навъи якуму олӣ, хӯроки чорво ва шоназании пахта ба истифода дода шуд, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.
Корхона бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Ҳукумати Ҷопон сохта шуда, дар он 12 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид.
Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Кўҳдомани Фархор» дорои 22 гектар заминҳои кишоварзӣ буда, дар 10 гектараш шолӣ парвариш карда мешавад. Баъд аз ҷамъоварии ҳосил, аз ҷумла шолӣ, гандум ва дигар намуди зироатҳо ҳамчун маҳсулоти худӣ дар ин корхона коркард карда мешавад.
Дар ифтитоҳи корхона намояндагони Агентиии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор иштирок намуданд.
Аҳли деҳа аз ин иқдоми хайрхоҳона хушнуд гардида, миннатдории самимии хешро ба Ҳукумати Тоҷикистон расониданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор









Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






